Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо таъкид аз таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, ҳамчунин, аз таъсири манфии равандҳои дар Афғонистон баамалоянда ба кишварҳои минтақа нигаронӣ кардаанд.


Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 21 июл дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон баргузор гардида, дар он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов иштирок карданд.

Бино ба гузориши хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами таҳкими ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказиро дар самти вокуниши муштарак ба хатару таҳдидҳо ба амнияти минтақа, дурнамои тавсеаи ҳамкории минтақавӣ барои таъмини рушди устувори иқтисодии кишварҳои минтақа, иқтидори муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва дӯстона дар раванди рушди минбаъдаи фазои фарҳангӣ ва гуманитарии минтақа баррасӣ намудаанд.


Сарвари давлати Тоҷикистон дар суханронии худ аҳамияти ба таври мунтазам баргузор гардидани Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро зикр карда, рушди рӯзафзуни минбаъдаи ҳамкории минтақавиро дар заминаи муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории таърихӣ муҳим арзёбӣ намудаанд. Эмомалӣ Раҳмон махсус ба таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ таъкид намудаанд. Тамоюлҳои таҳмили идеологияи радикализми динӣ дар минтақа ва мавҷудияти ба истилоҳ “гурӯҳҳои хуфта”-и терроризму экстремизми байналмилалӣ ба сифати таҳдидҳои ҷиддӣ ба амният номида шудаанд.

Президент ҳамчунин бо изҳори нигаронӣ таъсири манфии равандҳои дар Афғонистон баамалояндаро ба кишварҳои минтақа қайд карда, дар ин робита ба таҳкими ҳамоҳангӣ миёни хадамоти махсус ва эҷоди механизмҳои мушаххаси муборизаи муштарак бо хатару таҳдидҳо ба амнияти минтақавӣ даъват ба амал овардаанд.

“Дар суханронии Сарвари давлат ба масъалаҳои фаъолияти муштарак ҷиҳати рушди иҷтимоию иқтисодии Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Дар ин замина ба зарурати фароҳам овардани шароити мусоид барои тавсеаи тиҷорат, равобити зичи ҳамгироёна, инчунин рушди иқтидори нақлиётию транзитии минтақа ва такмили долонҳои нақлиётӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои интиқоли мол, ҳамчунин густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд”, — гузориш дод манбаъ.

Эмомалӣ Раҳмон ба андешидани тадбирҳои иловагӣ оид ба рушди фаъолияти фазои умумии фарҳангию гуманитарӣ дар Осиёи Марказӣ даъват ба амал овардаанд. Зарурати таҳкими ҳамкории муассисаҳои илмии кишварҳои минтақа дар инкишофи фанҳои амалӣ, рушди минбаъдаи муколамаи байнифарҳангӣ ва ташвиқу тарғиби муштараки мероси моддию ғайримоддии фарҳангӣ ва табиии мардумони кишварҳои минтақа дар сатҳи ҷаҳонӣ таъкид гардидааст.


Аз рӯйи натиҷаҳои Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Изҳороти муштараки сарони давлатҳо, Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкории минтақавӣ барои солҳои 2022-2024, Консепсияи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ дар доираи сиғаҳои бисёрҷониба ва Барномаи минтақавии “Рӯзномаи сабз” барои Осиёи Марказӣ қабул гардиданд.

Ҳамчунин, Қарори сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар бораи ба муҳлати як сол тамдид намудани ваколатҳои Президенти ФБНА Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст.

Сарони давлатҳо пешниҳоди Президенти Тоҷикистонро дар бораи баргузории Вохӯрии панҷуми ҷашнии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе, ки дар як вақт бо ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мешавад, ҷонибдорӣ намудаанд.