Рӯзи 29 август дар Варзишгоҳи Марказии шаҳри Ҳисор бозии ифтитоҳии гурӯҳи «B»-и мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» миёни дастаҳои миллии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор мегардад, хабар медиҳад маркази матбуоти ФФТ.
Барои мухлисоне, ки чиптаи бозиро мехаранд, туҳфаи гуворо омода шудааст – дар доираи лотереяи варзишӣ ҷоизаи асосӣ — автомобилии BYD E2 — бурд карда мешавад.
Пеш аз оғози бозӣ барои тамошобинон барномаи консертӣ бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик баргузор мегардад. Маросими тантанавии мусобиқа соати 20:00 оғоз ёфта, пас аз он бозии Тоҷикистон – Ҳиндустон баргузор мешавад.
Чиптаҳоро ба ҳамаи бозиҳои гурӯҳи «B»-и мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» метавонед дар платформаи echipta.tj харидорӣ намоед. Нархи як чипта — 30 сомонӣ.
Ҳамаи дӯстдорони футболро ба бозӣ даъват менамоем!