11 августи соли 20225 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи навбатии Шӯрои Вазирони корҳои дохилии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид, ки дар он Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро иштирок ва суханронӣ намуд. Ҳамчунин дар ҷаласа намояндагони вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия ва Узбекистон, инчунин намояндагони Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат намуданд. Дар рӯзномаи ҷаласаи мазкур ҳамагӣ 12 масъала баррасӣ гардиданд. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои афзалиятноки дуҷониба ва бисёрҷониба пешниҳодҳои судманд баён намуд.
Ҷаласаи Шӯрои Вазирони корҳои дохилии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил то 14-уми август идома ёфта, барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои минбаъда дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мусоидат хоҳад кард. Бояд тазаккур дод, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои Вазирони корҳои дохилии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Акс: ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон