Бо мақсади таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ва густариши робита бо доираҳои сармоягузории хориҷӣ мулоқоти маҷозии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо гурӯҳи соҳибкорони фаъоли бурунмарзӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар додааст.
Зимни мулоқот Султон Раҳимзода таваҷҷуҳи соҳибкорони бурунмарзиро ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest–2025», ки 14–16 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе доир мегардад, ҷалб ва ҳамзамон онҳоро ба иштироки фаъолона дар ин форум даъват намуд.
Дар анҷоми мулоқот Султон Раҳимзода саҳми соҳибкорони бурунмарзиро дар таблиғи имконоти сармоягузории мамлакат арзишманд дониста, зарурати ба роҳ мондани тамоси мунтазам ва ҳамкории фаъолро таъкид намуд.