7 август дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид. Дар ин хусус сомонаи расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар кори ҷаласа ҳайатҳои парламентии ду кишвар таҳти роҳбарии ҳамраисони Комиссияи доимӣ – муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода ва муовини Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Жакип Асанов иштирок намуданд.
Аъзои Комиссияи доимӣ тибқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд.
Аз ҷумла, ҷонибҳо ба вазъи феълии ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва дурнамои он, бахусус, тавсеаи инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Ҳамзамон, густариши робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар бахшҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ ҳамчун самтҳои муҳимми ҳамкорӣ шуморида шуд.
Дар фарҷом, Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкории байнипарламентии Маҷлиси миллӣ ва Сенати Парламент барои солҳои 2025–2027, тасдиқ карда шуд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон