19-уми ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ғайринавбатии интихоботии Конференсияи Федератсияи дзюдои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин ҷаласа роҳбарияти Кумитаи варзиш ва кор бо ҷавонон, Кумитаи миллии олимпӣ, аъзои Кумитаи иҷроияи Федератсия ва варзишгарону тренерҳо иштирок доштанд. Яке аз масъалаҳои рӯзномаи маҷлис интихоби роҳбарияти ҷадид буд. Президенти собиқи Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов бо иродаи хеш аз симати президенти Федератсия истеъфо дод.
Дар ин ҷаласа ҷавони варзишдӯст, сарпарасти варзишу варзишгарони тоҷик Исмоили Маҳмадзоир ба ҳайси президенти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон интихоб гардид. Нурулло Лоиқов ба вазифаи ноиби президенти Федератсия интихоб шуд.
Исмоили Маҳмадзоир зимни суханронӣ барои боварӣ ба иштирокчиён изҳори миннатдорӣ карда, афзудааст, ки баҳри рушди дзюдо дар ҷумҳурӣ, дастгирии варзишгарон ва боз ҳам баланд бардоштани нуфузи варзишии кишвар тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳад.
Бино ба гузоришҳо, Исмоили Маҳмадзоир, ки ҳанӯз аз наврасӣ дилбастаи варзиш буд, барои бахши дзюдо ва умуман барои варзишу варзишгарони ҷумҳурӣ хизматҳои зиёди шоистаеро анҷом додааст. Аз ҷумла, ба навиштаи сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ӯ тӯли солҳои охир ба густариши варзиш ва оммавигардонии тарбияи ҷисмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар самти дастгирии дастаи футболи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб нақши босазо гузошта истодааст. Дар баробари ин, Клуби дзюдои “Ҳоҷӣ Шариф”-ро сарпарастӣ намуда, дар тарбияи дзюдокорони наврасу ҷавон саҳмгузор мебошад.
Клуби маъруфи варзишии “Ҳоҷӣ Шариф” соли 2019 созмон дода шуда, ҳадафи аслии он аз ҳисоби шаҳрвандони варзишписанд тарбия намудан ва ба воя расонидани варзишгарони ҳирфаӣ мебошад, ки тавонанд дар арсаи байналмилалӣ шаъну шарафи Тоҷикистонро барафрозанд.
Тибқи маълумоти дастрас, то имрӯз дастпарварони клуби “Ҳоҷӣ Шариф” 171 медал ба даст овардаанд, ки теъдоде аз онҳоро ҷоизаҳои мусобиқоти байналмилалӣ ташкил мекунанд. Аз ин шумора 47-тои он тиллоӣ, 30 адад нуқрагӣ ва 94-тои боқимонда биринҷӣ мебошанд.
Ба гуфтаи ҳолдонҳо, Исмоили Маҳмадзоир ба варзишкорони зиёди дигари тоҷик ҳам дасти кӯмак дароз намуда, барои ба ҳадафҳои ниҳоӣ расидани онҳо ангезаи таъсирнок бахшидааст. Дар расонаҳои маҷозӣ матолиби зиёде ҳастанд, ки дар ин бора далолат мекунанд. Масалан, Муҳаммад Абдурозиқ Неъматзод дар феесбук чунин нигоштааст; “Вақте ки Баҳодур Усмонов чемпиони Осиё дар бокс шуд, мо барои кӯмаки молӣ ба роҳбарияти Федератсияи бокси Тоҷикистон – Бек Сабур ва ба дигарон муроҷиат намудем, зеро Баҳодур бародари маюбе дошт ва падараш мубталои маризии саратон буд ва ӯ ба кӯмаки молӣ ниёзи ногузир дошт! Касе ба ин муроҷиати мо посух нагуфт. Магар ки Исмоили Маҳмадзоир. Ӯ бо кӯмаки 50 000 (панҷоҳ ҳазор сомонӣ) ба чемпиони имдодхоҳ дасти мадад дароз намуд! Ин инсони наҷиб аз рӯзҳои аввал Сомон Маҳмадбековро низ дастгирӣ мекард ва барои ӯ содиқона ҳаводорӣ менамуд”.
“Ман ҳақиқатро навиштам!…”, — таъкид кардааст Неъматзода.
Баҳодур Усмонов боксёри ҳаваскор ва ҳирфаӣ, узви гуруҳи яккачини бокси миллии Тоҷикистон. Иштирокчӣ ва ғолиби Олимпиадаи Осиё, соли 2020 дар Умон. Иштирокчии Олимпиадаи Токио соли 2021 дар бокси вазни то 63 кг. Барандаи медали биринҷии Чемпионати Осиё дар Дубай дар вазни то 64 кг.
Маҳмадбеков Сомон Моёншоевич, соли таваллудаш 24.03.1999, зодаи вилояти Иркутски Русия. Волидайнаш аз Бадахшони Тоҷикистон. Парчамбардори шаъну шарафи ҳам Тоҷикистон ва ҳам Русия. Чемпиони ҷаҳон дар намуди варзиши дзюдо дар байни варзишкорони болои 21 сол. Дастовардҳои варзишии худро натиҷаи ҳамкориҳову равобити наздик бо Исмоил маънидод кардааст.
Бо овардани чунин буҳрону факту далоил гуфтанием, ки президенти ҷадиди Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир шахсиятест, ки то имрӯз бидуни доштани масъулияту вобастагии касбӣ барои варзиши кишвар, хусусан барои соҳаи дзюдо хизматҳои шоиставу содиқонае намудааст.
Ҳоло, ки акнун дар чавкоти роҳбарии ин Федератсияи дар ҳоли рушду нумуъ ва пешравиҳои назаррас қарор гирифтааст, умедворем, бештар аз пештара барои пешрафту тараққӣ ва дастовардҳои ҷадиди ин соҳаи варзишии муҳим сайъу кӯшиши боз ҳам зиёдтар намуда, корнамоиҳои арзандаву шоистаи зиёди дигарро низ ба анҷом бирасонад.
Ҳамон тавре ки дар КМО Тоҷикистон эътироф мекунанд, дар баробари дастовардҳои варзишӣ, дар бахши дзюдо мушкилот низ мавҷуданд, ки бештар молиявӣ, набудани шароити мусоид ва муосир баҳри баргузории машқҳои дастаҷамъона ва монеаҳо дар сафарбаркунии варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва будубоши онҳо дар хориҷ аз кишвар рабт доранд.
Дар Кумита ҳам изҳор умед мекунанд, ки бо интихоб шудани президенти нав ин камбудиҳо бартараф карда мешаванд.
Абдураззоқ Саид