Вакилони Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии парламенти Тоҷикистон, ширкатҳои ҳавопаймоиро ба муддати 5 сол аз пардохти андози даромад ва андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва пардохти баъзе андозҳо ҳангоми ворид кардани таҷҳизот озод кардаанд. Ин тағйирот ба Кодекси андози Тоҷикистон дар ҳоле ворид шудааст, ки ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон бархе вакилон ва мақомот аз номукаммалии хизматрасонӣ дар хатсайрҳои ҳавоии мавҷуда, кам будани шумораи ҳавопаймоҳо, гарон будани арзиши чиптаҳои ҳавопаймо ва таъсири манфиаии ин омилҳо ба рушди сайёҳӣ нигаронӣ намуданд.
Бино ба гузориши рӯзномаи “Садои мардум”, тибқи тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Тоҷикистон, даромадҳои ғайрирезидент аз иҷораи ҳавопаймо, чархбол ва муҳаррикҳо, хизматрасонӣ ва таъмири ҳавопаймову чархболи ширкатҳои ватанӣ аз пардохти андози даромад озод карда мешаванд.
Ҳамчунин, воридоти сӯзишворию моеъҳои кимиёвӣ ва равғанҳои молиданӣ барои ҳавопаймою чархбол, воридоти худи ҳавопаймову чархбол, муҳаррикҳое, ки бевосита аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ворид мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) озод гардиданд.
Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни муаррифии лоиҳаи тағйиру иловаҳо гуфтааст, ҳадафи он тақвият бахшидани фаъолияти ширкатҳои миллии ҳавопаймоӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва зиёд кардани хатсайрҳои ҳавоӣ мебошад:
“Мутобиқи лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда, даромадҳои ғайрирезидент аз лизинги амалиётӣ (иҷора) барои киштиҳои ҳавоӣ (ҳавопаймо, чархбол) ва муҳаррикҳо, хизматрасонӣ ва таъмири киштиҳои ҳавоӣ (ҳавопаймо, чархбол) аз пардохти андози даромад, инчунин воридоти сӯзишворию моеъҳои кимиёвӣ ва равғанҳои молиданӣ барои киштиҳои ҳавоӣ (ҳавопаймо, чархбол) бевосита аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ, ҳамзамон, воридоти киштиҳои ҳавоӣ (ҳавопаймо, чархбол), муҳаррикҳо бевосита аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва хизматрасониҳои лизинги амалиётӣ (иҷора)-и ширкатҳои ғайрирезидентӣ ба ширкати ватании ҳавопаймоӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад”, — гуфтааст ӯ дар ҷаласа.
Имтиёз то соли 2027 пешбинӣ шуда, ҳадаф аз он рушди нақлиёти ҳавоӣ ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ дар ин самт арзёбӣ мешавад.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода, “Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки номукаммалии хизматрасонӣ дар хатсайрҳои ҳавоии мавҷуда, кам будани шумораи ҳавопаймоҳо, гарон будани арзиши чиптаҳо барои рушди сайёҳӣ таъсири манфӣ расонида истодааст”.
Ба гуфтаи ӯ, қабули лоиҳаи қонуни зикршуда барои баланд бардоштани устувории хатсайрҳои ҳавопаймоӣ, идоракунии беҳтари паркҳои ҳавопаймоӣ, зиёд шудани интихоби хатсайрҳои ҳавопаймоӣ аз ҷониби мусофирон, коҳиши арзиши хизматҳо ва чиптаҳои ҳавопаймоӣ, ҳамчунин, аз байн бурдани ихтилофи назар дар татбиқи муқаррароти Кодекси андоз мусоидат менамояд.
Зимнан, дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 рушди соҳаи нақлиёт, ки ба ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани самаранокии бахшҳои иқтисодиёти миллӣ ва беҳсозии сифати зиндагии аҳолӣ равона шудааст, инчунин нигаҳдорӣ ва инкишофи шабакаи фурудгоҳҳои маҳаллӣ, авиатсияи хурду миёна ҷиҳати таъмини дастрасии аҳолии ҳамаи минтақаҳо ба нақлиёти ҳавоӣ ҳамчун ҳадафҳои он пешбинӣ шудааст.
Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон ду ширкати ҳавопаймоии ватанӣ — “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр”, фаъолият доранд.