Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати адлия, Вазорати кишоварзӣ, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва дигар сохторҳо таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора president.tj хабар додааст.
Ба вазифаҳои муовини якум ва муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муовини вазири адлия, муовини вазири кишоварзӣ, муовини якум ва муовини директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқии обии Роғун», муовини сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах»-и назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои ҷавону варзида таъин гардиданд.
Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кори софдилонаю содиқона ба нафъи давлат ва мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла дар самтҳои хизматрасониҳои босифати тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини амнияти ғизоии кишвар, истифодаи босамару беталафи обу неруи барқ, баҳрабардорӣ аз дастовардҳои навтарини илму техника ва зеҳни сунъӣ дар идораи корҳо ҳидоят намуданд.
Муфассал дар : president.tj