24 июл дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Тоҷикистон баргузор мегарданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст.
Қабл аз оғози барномаи фарҳангӣ дар саҳни бинои театр ҳунарҳои мардумии Муғулистон ба намоиш гузошта мешаванд.
Инчунин дар доираи рӯзҳо иштирокчиён бо мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Душанбе шинос мешаванд.