Дар Душанбе мусобиқаи «Шоми бокс» баргузор мешавад

Shared to Facebook

Шаҳри Душанбе мизбони мусобиқаи «Шоми бокс» мегардад, хабар додааст АМИТ «Ховар».

Варзишгари тоҷик Баҳодур Усмонов дар мусобиқаи «Winline. IBA.PRO 8» бо намояндаи Камерун Кристофер Муафо рӯ ба рӯ мешавад.

Баҳодур Усмонов чемпиони Осиё дар соли 2019 ва дорандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар соли 2023 мебошад, ки барои ҳимояи унвони қаҳрамонии IBA.PRO Intercontinental дар вазни сабук бар зидди Кристофер Муафо (11-1, КО 6 ) аз Камерун, ки дар зинаи панҷуми раддабандии WBO қарор дорад, мубориза мебарад. Ин набард аз 10 раунд иборат буда, рақобати асосии мусобиқа маҳсуб мешавад. Он дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.

Дар набардҳои охираш Баҳодур Усмонов охири моҳи май дар шаҳри Душанбе дар мусобиқаи «IBA.PRO 6» дар раунди сеюм муштзани Филиппин Алберт Пагаруро (35- 2, КО 24) нокаут карда, унвонҳои IBA.PRO Intercontinental ва WBA Gold-ро дар вазни сабук соҳиб шуда буд.

         Кристофер Муафои 29-сола дар Швейтсария зиндагӣ мекунад ва аксари набардҳои касбии худро дар ҳамин давлат баргузор кардааст. Дар моҳи сентябри соли 2024 Кристофер Муафо камарбанди WBO Global-ро ба даст оварда буд.

Ёдовар мешавем, ки ин мусобиқа 22 июли соли 2025 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.