Таҷлили рӯзи Бузургдошти Саъдии Шерозӣ

Shared to Facebook

21 апрели соли 2025 дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе ба муносибати рӯзи бузургдошти Саъдии Шерозӣ, ки дар ин айём, дар миёни порсигӯёни тамоми олам таҷлил мешавад, шабнишинии вижае баргузор гардид. Дар ин маҳфили шеъру сухан, ки чеҳраҳои адабиву фарҳангӣ, зиёиён, рӯзноманигорон ва дигар намояндагони илму адаби Тоҷикистон даъват шуда буданд, меҳмонон, аҳли калому адаби эронӣ дар мавриди шахсияту осори гаронбаҳои сухансарои маъруфи сатҳи байналмиллалӣ — Муслиҳиддин Шайх Саъдии Шерозӣ суханронӣ намуданд …

Дар аввал, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон,, ҷаноби оқои Алиризо Ҳақиқиён суханронӣ карда, ба маҳфил ҳусни ифтитоъ бахшиданд. Баъдан риштаи сухан ба Шоираи Халқии Тоҷикистон — Гулрухсор Сафиева дода шуд, ки солҳост, васфи меҳру муҳаббати мардумони ҳамтамаддуну ҳамрешаи Тоҷикистону Эронро намудааст ва дар ҳарду кишвар маҳбубияти хосае дорад. Устод Гулрухсор гуфт; «Фарҳанг ҳам сиёсат аст! Он метавонад чунон корзоре кунад ва чунон натоиҷеро фароҳам биёрад, ки бо ҷангу ҷидол ва тиру камон, ин гуна натиҷае наметавон ба даст овард!…

Инчунин, номбурда нуктаеро матраҳ намуд, ки; » Мо, тоҷикон миллати хушбахте ҳастем. Ин хушбахтии мо бо он далел аст, ки бо забони аслӣ ва бидуни тарҷума, ифтихори лаззат бурдан аз осори бузургтарин суханварони олам мисли Саъдиву Фирдавсиву Хайёму Ҳофизро дорем…

Шоири хушкалом ва пажуҳишгари варзидаи адабиёти Эрон, Абдуҷаббор Кокоӣ, ки бо каломи дилнишинаш идомабахши маҳфил буд, лаҳазотеро аз таасуроти ду сафари доштааш ба Тоҷикистони ҳамзабону ҳамфарҳанг қисса намуд ва ҳамчунин аз «Бӯстон» у «Гулистон» и доимбаҳори Саъдии Шерозӣ бо маҳорате сухан мегуфт, ки ҳозиринро ба ваҷд меовард. Устод Кокоӣ абёти баргузидаеро аз осори нотакрори Саъдӣ аз ёд мехонд ва аз толор, афроди зиёде ӯро бо нимсадо ҳамовозӣ мекарданд.. Ончуноне, ки ҳангоми сафари давлатии Раисҷумҳури муҳтарами Эрон — Ҷаноби Оқои Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон, Президентони ду кишвар, мӯҳтарам Пизишкиён ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми конфиренсияи матбуотии муштаракашон, ҳарду аз осори як шоири классик- Устод Рӯдакӣ бадоатан шеър хонданд ва оламиёнро бо ин қудрати фарогири тамаддун ва забону адабиёти форсӣ, моту ҳайрон сохта буданд. Фазои ҳамсадоӣ дар ҳамин маҳфили Саъдишиносӣ ҳам, мушобеҳи ҳамон саҳнаи шеърхонии президентони ду кишвари ҳамзабон буд!

Сипас адабиётшинос ва устоди донишгоҳи Эрон Исмоил Аминӣ дар мавриди осори Саъдӣ суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки шоири шинохтаи Эрон зиндаёд Қайсари Аминпур, ки дар байни ҳаводорони шеъру адаб дар Тоҷикистон низ маъруф аст, зодрӯзаш яу рӯз баъд аз рӯзи бузургдошти Саъдии Шерозӣ будааст. Ба ҳамин хотир, масъулини сафорат ҳамсари ин суханвар, адабиётшинос ва устоди донишгоҳ — Зебо Ишроқӣ Аминпурро низ, барои ширкат ба маҳфили имшаба даъват намудаанд, то барои дилбастагони ашъору осори Саъдӣ ва ҳамчунин ҳаводорони шеъри Қайсар Аминпур армуғоне биёварад ва табъи ҳозиринро муаттар намояд.