Русия-Тоҷикистон: 34 солагии муносибатҳои дипломатӣ

Shared to Facebook Shared to Max

8 апрели соли 1992-34 сол қабл байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардиданд, хабар медиҳад Сафорати Русия дар Тоҷикистон.

Аз он замон то имрӯз миёни кишварҳои мо зиёда аз 200 шартнома ва созишномаҳои байнидавлатӣ ба имзо расидаанд, ки соҳаҳои гуногуни ҳамкории дуҷонибаро дар бар мегиранд.

Ҳуҷҷатҳои асосӣ инҳоянд: Шартнома дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии мутақобила байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 майи соли 1993 ва Шартнома дар бораи ҳамкории иттифоқӣ байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба асри XXI нигаронида шудааст (аз 16 апрели соли 1999).

Русия ва Тоҷикистон муколамаи фаъоли сиёсиро нигоҳ медоранд. Хусусияти стратегии ҳамкории ду кишварро мулоқотҳои сершумор дар сатҳи олӣ ва баланд тасдиқ менамоянд.

Моҳи октябри соли 2025 Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар натиҷаи он як қатор ҳуҷҷатҳои дуҷониба ба имзо расиданд, аз ҷумла нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба зиёд намудани ҳаҷми гардиши мол то 2,5 баробар то соли 2030 тасдиқ гардид.

Сарони давлатҳо бори дигар 22 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург дар доираи мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони давлатҳои иштирокчии ИДМ вохӯрданд.

Русия яке аз шарикони асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Тибқи натиҷаҳои соли 2025 гардиши мол байни кишварҳои мо 24,8% афзоиш ёфта, тақрибан ба 2,5 миллиард доллар расид.

Дар тӯли чанд соли охир Русия мавқеи пешсафиро аз рӯи ҳаҷми сармоягузориҳои мустақим ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ нигоҳ медорад. Ҳамкории дуҷониба дар мубориза бо таҳдиди терроризм, инчунин дар соҳаҳои муҳоҷират, гуманитарӣ ва маориф фаъолона рушд мекунад. Дар ин замина такмили механизмҳои ҳамкорӣ байни вазорату идораҳои марбута идома дорад.

Кишварҳои мо ҳамчунин дар доираи ИДМ, СААД ва СҲШ, инчунин дигар иттиҳодияҳои байналмилалӣ ба таври самаранок ҳамкорӣ менамоянд.

Дӯстону ҳамкорони тоҷикро бо ин иди муштарак табрик мегӯем!

Сафорати Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манбаъ: Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон («ВКонтакте»)