Маҷлиси хубрагони Эрон рӯҳонии 56-сола ва писари дуввуми раҳбари кушташудаи Эрон Алии Хоманаӣ – Муҷтабо Хоманаиро севумин раҳбари олии Ҷумҳурии Исломӣ интихоб кардааст. Дар ин бора хабаргузориҳои эронӣ иттилоъ медиҳанд.
Ба иттилоъи хабаргузории расмии ин кишвар ИРНА, “нишастҳо барои интихоби раҳбари ҷадиди Ҷумҳурии Исломӣ ё шахсан ва ё ба далели масоили амниятӣ бо ҳузури намояндагони онҳо баргузор шуд”.
Ба навиштаи расонаҳои расмии Эрон, аз байни чанд номзад Муҷтабо Хоманаӣ ҷонишини падараш интихоб шудааст.
Хабаргузории Форс, ба нақл аз манобеъи огоҳ дар бораи “дар фазои амн” баргузор шудани музокироти маҷлис хабар дода, зикр кардааст, ки нишасти ниҳоии Шӯрои хубрагон барои интихоби раҳбари нави Ҷумҳурии Исломии Эрон “мумкин аст шахсан ва пас аз маросими дафни Алии Хоманаӣ баргузор шавад”.
Дар ҳамин ҳол, Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён изҳор доштааст, ки интихоби Муҷтабо Хоманаӣ ба ҳайси раҳбари олӣ ифодаи иродаи тамоми эрониҳост. Ӯ ин арзёбӣро дар номае ба унвони раҳбари нави кишвар баён кардааст:
“Интихоби шумо ба ин вазифа ифодаи иродаи тамоми мардуми Ҷумҳурии Исломӣ ва нишондиҳандаи ягонагии онҳост. Ман шакке надорам, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи шумо метавонем ҳамаи мушкилоти мавҷударо ҳал кунем”, — таъкид кардааст ӯ дар номае, ки маъмурияти Президент нашр кард.




