Ҳабибулло Воҳидзода ва Радослав Дарски ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ карданд

Shared to Facebook Shared to Max

Прокурори генералии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода зимни як мулоқот бо Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Радослав Дарски масъалаҳои марбут ба ҳамкории ҳуқуқии ҷорӣ ва мутақобил дар соҳаи таъмини амниятро баррасӣ кардааст. Дар ин бора аз Прокуратураи генералии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

“Ҷонибҳо ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, тақвияти сарҳади давлатӣ, инчунин истирдоди шахсоне, ки дар кофтуков қарор доранд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд”, — омадааст дар хабар.

Прокурори генералии Тоҷикистон аҳамияти такмили механизмҳои ёрии ҳуқуқии мутақобилро иброз намуда, зарурати баланд бардоштани фаврияти ҳамкории мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро таъкид намудааст.

Сафир Радослав Дарски дар бораи лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо, ки дар Тоҷикистон амалӣ шуда, ба мубориза бар зидди терроризм, таҳкими сарҳади давлатӣ, муқовимат ба ҷинояткории фаромиллӣ ва ғайра нигаронида шудаанд, маълумот пешниҳод кардааст. Ҳамзамон вай барои рушди минбаъдаи муколамаи самарабахш изҳори омодагӣ намудааст.