ИМА барои дастгирии эътирозгарон пинҳонӣ ба Эрон 6000 терминали Starlink интиқол додааст

Shared to Facebook Shared to Max

ИМА ба таври махфӣ тақрибан 6 ҳазор терминали Starlink-ро ба Эрон интиқол дода, дастрасии иштирокчиёни эътирозҳои моҳи январро ба интернет таъмин кардааст. Дар ин бора The Wall Street Journal бо такя ба манобеъи худ дар маъмурияти президенти Амрико хабар додааст.

Ба иттилои намояндагони Кохи сафед, ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки дар пасманзари эътирозҳои фарогир дар Эрон мақомот интернетро қатъ карданд. Бо истифода аз ин терминалҳо эътирозгарон тавонистаанд, ки амали худро ҳамоҳанг созанд ва бо давр задани маҳдудиятҳо ба шабака ворид шаванд.

Гуфта мешавад, бо ҳамин мақсад Департаменти давлатии ИМА аз ширкати Илон Маск 7 ҳазор терминали Starlink харидааст. Хароҷоти ин миқдор терминал аз ҳисоби маблағҳое будааст, ки барои дастгирии дигар тарҳҳо дар Эрон пешбинӣ гардида буданд. Ба гуфтаи манбаъҳои нашрия, президент Трамп аз рӯйдодҳо огоҳ буд.

Мақомоти Эрон борҳо Иёлоти Муттаҳидаро ба ташкили эътирозҳои густурда муттаҳам карданд. Вашингтон ҳар гуна иртиботи худро бо эътирозгарон рад мекард.

Ба навиштаи расонаҳо, доштани терминалҳои Starlink дар Эрон қатъан манъ буда, метавонад бо ҷазои тӯлонии зиндон анҷом ёбад. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқи инсон, даҳҳо ҳазор шаҳрвандони ин кишвар чунин таҷҳизот доранд ва бо он маҳдудиятҳои интернетиро давр мезананд.

Тибқи маълумоти расмии мақомоти Эрон, дар ҷараёни даргириҳо 3117 нафар ҳалок шудаанд, ки аз онҳо 2427 нафар сокинони осоишта ва кормандони сохторҳои қудратӣ ва 690 нафар террористон будаанд.

Манбаъҳои гуногун шумораи қурбониёнро ба таври мухталиф арзёбӣ мекунанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон аз тақрибан 5 ҳазор кушташуда хабар додаанд. Баъзе манбаъҳои дигар, аз ҷумла CBS, шумораи воқеии қурбониёнро беш аз 20 ҳазор нафар тахмин задаанд. Аммо ҳич далели мӯътамад наовардаанд.