Ҳушдори Гутерриш аз хатари суқути молиявии СММ

Shared to Facebook Shared to Max

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш аз “эҳтимоли комилан воқеии суқути молиявӣ”-и ин созмони ҷаҳонӣ ҳушдор додааст. Ӯ дар мусоҳиба бо рӯзномаи La Repubblica изҳор доштааст, ки бидуни ислоҳи қоидаҳои маблағгузорӣ “бӯҳрони сохторӣ” шакл мегирад.

“Ман таъкид кардам, ки ин мушкили оддии гардиши маблағ нест. Ман ба давлатҳои узв равшан фаҳмондам, ки ҳарчанд СММ дар гузашта давраҳои душвори пардохт нашудани ҳаққи узвиятро паси сар карда буд, вазъияти кунунӣ ба таври куллӣ фарқ мекунад”, — гуфтааст ӯ дар посух ба савол дар бораи “номаи ирсолшуда ба сафирон”, ки дар он аз “наздик шудани суқути молиявӣ” ёд мешавад.

Ӯ хотиррасон кардааст, ки қарорҳо дар бораи напардохтани ҳаққи узвият, ки қисми зиёди буҷаи мунтазами тасдиқшударо маблағгузорӣ мекунанд, ба бӯҳрони сохторӣ меоранд:

“Мувофиқи қоидаҳои амалкунандаи молиявӣ, агар маблағ ворид нашавад, созмон аз нигоҳи ҳуқуқӣ уҳдадор аст маблағҳои “сарфнашуда”-ро баргардонад, ҳатто агар иҷрои вазифаҳо пурра таъмин шуда натавонад. Дар натиҷа таъхирҳои амалиётӣ ба вуҷуд меоянд, самаранокии иҷрои ваколатҳое, ки худи давлатҳои узв тасдиқ кардаанд, коҳиш меёбад. Ин СММ-ро ба хатарҳои сохтории молиявӣ рӯ ба рӯ мекунад ва дар назди интихоби сахт қарор медиҳад: давлатҳои узв ё бояд ба ислоҳи қоидаҳои молиявии СММ розӣ шаванд, ё эҳтимоли воқеии суқути молиявии онро бипазиранд”, — изҳор доштааст Дабири кулли Созмон.

Гутерриш ҳамчунин ба заиф шудани чандқутбӣ, ки барои ёфтани посух ба чолишҳои муосир – аз низоъҳо то тағйирёбии иқлим – зарур аст, ишора кардааст. Вай тамоюли хатарноки “бартарии қонуни зӯр бар зӯри қонун”-ро зикр намуда, таъкид кардааст, ки ин раванд ба ҳуқуқи байналмилалӣ таҳдид мекунад.