27 январ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров бо сафирони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) иштирок намуд, хабар додааст Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин дабирони кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё низ иштирок намуданд.
Дар мулоқот Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров самаранокии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 ва дастгирии раёсати Туркманистонро дар соли 2026 таъкид намуд.
Зимни чорабинӣ фаъолияти муштарак дар соли 2025 дар қолаби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷамъбаст гардида, тадбирҳо барои таҳкими минбаъдаи ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ, инчунин таъмини амнияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон иштироккунандагон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия




