22 январи соли 2026 дар шаҳри Вена мулоқоти намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Ҷобир бо директори Генералии Созмони рушди саноати СММ (UNIDO) Герд Мюллер баргузор гардид, иттилоъ додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар доираи вохӯрӣ намояндаи доимии Тоҷикистон Манучеҳр Ҷобир эътимодномаи худро ба Герд Мюллер супорид.
Дар ҷараёни вохурӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNIDO-ро низ баррасӣ намуданд.




