Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо ёвари Вазири тиҷорати ИМА

Shared to Facebook Shared to Max

20 январ вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода бо ёвари Вазири тиҷорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Директори генералии Идораи тиҷорати хориҷии Иёлоти Муттаҳида Дэвид Фогел баргузор гардид, хабар додааст маркази матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.

Дар вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро вобаста ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, саноатию сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак ҷиҳати иҷрои мувофиқаҳои бадастомада байни роҳбарони ҳарду давлат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Трамп дар моҳи ноябри соли 2025 таъкид намуданд.