Мулоқоти Манучеҳр Ҷобир бо роҳбари Дафтари СММ дар Вена

Shared to Facebook Shared to Max

19 январи соли 2026 дар шаҳри Вена мулоқоти намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Ҷобир бо иҷрокунандаи вазифаи директори генералии Дафтари СММ дар шаҳри Вена Ҷон Брандолино баргузор гардид, иттилоъ додааст Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар рафти вохӯрӣ намояндаи доимии Тоҷикистон Манучеҳр Ҷобир эътимодномаи худро ба Ҷон Брандолино супорид. Ҳамзамон тарафҳо ба таври муфассал дурнамои рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNOV-ро баррасӣ намуданд.