Сафири ИМА рисолати дипломатии худро дар Тоҷикистон ба анҷом расонд

Shared to Facebook Shared to Max

14 январи соли 2026 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллерро ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияташ дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону ИМА ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Мануэл Микаллер барои саҳми ӯ дар таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни Тоҷикистон ва ИМА изҳори миннатдорӣ намуда, дар фаъолиятҳои ояндаи касбиаш муваффақиятҳоро таманно кард.