Вазорати корҳои хориҷӣ хабари фоҷеаи ба ҳалокат расидан ва маҷрӯҳ шудани одамон бар асари сухтор дар маҷмаи лижаронии Кран-Монтанаи Конфедератсияи Швейтсарияро бо андӯҳи бузург қабул намуд.
Дар робита ба ин мусибати вазнин, мо ҳамдардиву тасаллияти самимии ин ҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми Швейтсарияи дӯст расонида, ба зарардидагон шифои ҳарчи зудтар таманно дорем.
▶️ Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон




