Рӯзҳои 9-11-уми декабри соли 2025 дар шаҳри Брюсели давлати Белгия Конфронси дуюми байналмилалии Алянси ҷаҳонӣ оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ баргузор гардид, хабар додааст ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ин чорабинии сатҳи баланд Раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон, муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҷараёни Конфронси дуюми байналмилалии Алянси ҷаҳонӣ масъалаҳои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, қочоқи инсон, савдои одамон ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамзамон дар ҳошияи Конфронси мазкур Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо як қатор намояндагони воломақоми ҳифзи ҳуқуқ ва созмонҳои байналмилалӣ мулоқоту суҳбати самимӣ баргузор намуд.
Гул Маҳбуба/ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон





