3-4 ноябри соли 2025 дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия 41-умин Нишасти вазирони Кумитаи доимоамалкунандаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Созмони ҳамкории исломӣ (COMCEC) баргузор гардид, ки дар он ҳайати кишвар таҳти роҳбарии сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ иштирок ва суханронӣ намуд, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар нишасти мазкур масъалаҳои вобаста ба вазъи кунунӣ дар кишварҳои ҳавзаи СҲИ, алалхусус барқарорсозии бахшҳои инфрасохтории Давлати Фаластин ва Сурия, татбиқи лоиҳаҳои нав, инчунин амалисозии тавсияҳои омоданамудаи Гурӯҳи кории COMCEC барои беҳтарсозии фаъолияти хоҷагидорӣ, ҳукумати электронӣ, ба роҳ мондани низоми рақамӣ, истеҳсоли маҳсулотҳои босифати ҳалол ва дигар мавзуҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.





