Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Каха Имнадзе

Shared to Facebook

22 октябри соли 2025 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Каха Имнадзеро ба ҳузур пазируфт, иттилоъ додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба доираи васеи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Марказ, аз ҷумла рафъи таҳдидҳо ва чолишҳои муосири амният, таъмини рушди устувор ва дастгирии ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои об, энергетика, муҳити зист ва иқлим табодули афкор намуданд.