2 октябри соли 2025 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (бо қароргоҳ дар Қоҳира) Парвиз Мирзозода ба Президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Сирил Рамафоса эътимоднома супорид, иттилоъ додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни ин маросим сафир дуруду таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ расонид.
Сирил Рамафоса сафири Тоҷикистонро ба муносибати оғози фаъолият табрик гуфта, ба ӯ дар иҷрои вазифаҳои дипломатӣ комёбиҳо орзу намуд.