Имрӯз панҷ ояндабин ё худ, бо ибораи маъмулӣ, фолбини машҳури Ҳиндустонӣ, ҳодисаҳо, тамоюл, рушд ва табаддулоти ҷаҳонро дақиқ пешгӯӣ мекунанд.
Касби ояндашиносӣ ва ояндабинӣ қариб даҳ ҳазор сол қабл дар Ҳиндустон ба вуҷуд омада, аз хатару фалокатҳои бузрги табиӣ, офату маризиҳо, табаддулоти табиӣ ва ҷамъиятӣ инсониятро ҳушдор медод. Нуҷумшиносон ё ояндабинони Ҳиндустон ояндаи хушбахтонаи ин ё он кишварро дар асоси далелҳо ва омори хоса махфӣ пешгӯӣ карда буданд.
Инак, чанде пеш олимони Русия пешгӯии нуҷумшиносони Ҳиндустонро дар мисоли воқеаҳои Русия собит карданд. Ба гуфтаи онҳо, пойдевори шукуфоии Русия маҳз дар соли 2024 бо вуҷуди мушкилоти азими ҳарбӣ гузошта мешавад. Мунаҷҷим Верма Анурадҳа итминон дорад, ки давраи муваффақият ва шукуфоии Русия аллакай оғоз шудааст. Ҳоло мамлакат дилпурона ба сӯи давраи тиллоии худ пеш меравад. Ба гуфтаи коршинос, низоъ дар Украина тирамоҳи соли ҷорӣ ба поён мерасад, дар ҳоле ки ҷониби украинӣ хостори сулҳ мешавад.
Мунаҷҷим аз эҳтимоли баланди хотима наёфтани муқовимат, балки ях кардани он ҳушдор медиҳад.
Верма Анурадҳа дар бораи хавфе, ки бар сари кишварҳои амрикоӣ ба амал омадааст, низ сухан рондааст. Ба гуфтаи ӯ, ба тамоми Амрикои Шимолӣ як фалокати бузург таҳдид мекунад, ки пас аз он ҳаёт ба ду давра — пеш ва баъд аз ин тақсим мешавад.
Мунаҷҷим ва коршинос Бингар Ананд Абигя аз гуруснагии эҳтимолӣ, ки ба Аврупо таҳдид мекунад, ҳушдор додааст. Ба гуфтаи ӯ, ин фалокат дар натиҷаи хушксолии сахт ба амал меояд, ки ба иқтисоди бисёр кишварҳо зарари калон мерасонад.
Ӯ ҳамзамон аз офатҳои бузурги экологӣ ва буҳронҳои гуманитарӣ пешгӯӣ кардааст. Ҷангҳо дар рӯи замин, ба гуфтаи Ананд Абигя, соли 2025 ба охир мерасад, аммо сулҳ ҳамагӣ чаҳор сол давом мекунад.
Мунаҷҷимҳо ва коршиносони оянданазари Ҳиндустон инчунин инсониятро аз офатҳои табиӣ — заминларзаҳои шадид, гирдбодҳо, таркиши вулқонҳо огоҳ кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, ягона чизе ки мо набояд дар ояндаи наздик хавотир шавем, ин хуруҷи вируси нави X аст, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба он омодагӣ мегирад.
Коршинос ва мунаҷҷими маъруф Брахмин Гуруккал Шива, ки дар чанд соли охир 10 пешгӯии ӯ дуруст баромад, бовар дорад, ки даргириҳои Русия соли 2028 ба итмом мерасанд, аммо аз соли 2024 Русия пешрафт ва шукуфоиро эҳсос хоҳад кард. Ба бовари ӯ, аз тирамоҳи соли ҷорӣ шиддати амалиёти ҷангӣ коҳиш ёфта, аксари давлатҳо аз сиёсати Русия пуштибонӣ хоҳанд кард.
Ҳамзамон ҳамаи 5 нафар мунаҷҷимон ва ситорашиносони Ҳиндустон мутмаин ҳастанд, ки силоҳи ядроӣ то соли 2050 истифода нахоҳад шуд. Мунаҷҷими машҳур Пунит Наҳата бар ин назар аст, ки аз соли 2024 Русия зери таъсири сайёраи Муштарӣ қарор дошта, ба рушди бесобиқа ноил мешавад.
Сент Баба Вирса Сингх соли 2004 ба Русия сафар карда, вазъи имрӯзаи Русия ва ИДМ-ро пешгӯӣ карда буд.
Илми ояндшиносӣ ё пешгӯии илмӣ алҳол дар Ҳиндустон бо суръат рушд мекунад. Дар Ҳиндустон ҳоло мактабу марказҳои ояндабинӣ ва технологияи омӯзиши Сайёраи Замин аз рӯи ситораҳо рушд ёфта, бисёр муаммоҳо ва асрори Замин ошкор мешавад.
Таҳияи Н. Шоҳинбодов