Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар робита ба ҳалокати Президенти Эрон Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш дар натиҷаи суқути чархбол ба роҳбарияти он кишвар ва наздикони ҳалокшудагон ҳамдардӣ изҳор намуданд.
Дар барқияи тасалии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ ва муовини аввали Президенти Эрон Муҳаммад Мухбир гуфта шудааст, ки хабари фоҷиавии даргузашти Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш бар асари суқути чархбол боиси андуҳи амиқи мо ва тамоми мардуми Тоҷикистон гардид:
“Мо ба шахсияти Сайидиброҳим Раисӣ ҳамчун арбоби барҷастаи давлатӣ арҷ мегузорем, саҳми созандаи зиндаёдро дар рушду нумӯи ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон, ҳалли масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ баланд арзёбӣ менамоем”, — омадааст дар барқияи тасаллии Сарвари давлат.
Президенти Тоҷикистон дар робита ба ин талафоти бузург ба Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ, Муҳаммад Мухбир ва мардуми дӯсту бародари Эрон, аҳли хонавода ва наздикони фавтидагон ҳамдардӣ ва таслияти самимӣ иброз кардааст.
“Аз Худованди мутаол барои шаҳидшудагон раҳмату мағфират ва ба мардуми кишвари дӯсти Эрон сабри ҷамил хоҳонам”, — омадааст дар барқия.
Президент таъкид кардаанд, ки “дар ин лаҳзаҳои ғамангез дар канори Эрон ва мардуми он ҳастем”.
Дар барқияи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф гуфта шудааст, “хабари суқути чархбол ва даргузашти фоҷеавии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, ҳамроҳони онҳо ва ҳайати сарнишинон боиси андуҳи амиқи мо гардид”.
“Дар робита ба ин мусибати гарон, аз номи худ ва аз номи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамдардии амиқ ва тасаллияти самимии ин ҷонибро ба Шумо ва тамоми мардуми бародари Эрон баён намуда, ба ҳамаи наздикону пайвандони шаҳидшудагон сабри ҷамил хоҳонам”, — омадааст дар барқияи Рустами Эмомалӣ.
Ёдрас мекунем, ки чархболи Президенти Эрон Саидиброҳим Раисӣ рӯзи 19-уми май дар як минтақаи кӯҳистонӣ дар наздикии марзи Эрон бо Озарбойҷон суқут кард. Рӯзи гузашта муовини Президенти Эрон Мӯҳсин Мансурӣ расман тасдиқ кард, ки Раисӣ ва ҳамроҳонаш ба ҳалокат расидаанд.
Ҳанӯз маълум нест, ки бо чархбол чӣ шудааст, аммо фарзияи асосии матраҳшаванда ин аст, ки шояд чархбол дар тумани ғафс дар шимолу шарқи кишвар ба мушкил рӯбарӯ шудааст.
Раисӣ аз вилояти Озарбойҷони шарқии Эрон, дар марз бо Озарбойҷон бармегашт. Дар он ҷо ҳамроҳ бо Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар маросими ифтитоҳи сарбанди дарёи Аракс ширкат дошт.