Уҳдадориҳои вобаста ба иқлим, ки давлатҳои ҷаҳон қабл аз Саммит байналмилалӣ оид ба иқлим дар Глазго эълон карданд, интизориҳоро бароварда насохтанд — онҳо риояи созишномаи иқлими Парижро таъмин намекунанд. Ҷаҳон ҳаракат ба сӯи фалокати иқлимиро идома медиҳад.
Дар ин бора дар гузориши нави Барномаи СММ оид ба муҳити зист, ки қабл аз баргузории Конфронс оид ба иқлим нашр шуд, таъкид шудааст.
Бино ба ин гузориш, 120 кишвар, ки беш аз нисфи партовҳои газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳонро ташкил медиҳанд, то 30 сентябри соли 2021 нақшаҳои нав ё таҷдидшударо эълон кардаанд. Ба ғайр аз ин, се кишвари узви G20 эълон кардаанд, ки омодаанд то соли 2030 барои коҳиш додани оқибатҳои тағйири иқлим ӯҳдадориҳои нав гиранд.
Бо вуҷуди ин, СММ тахмин мезанад, ки саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда, агар амалӣ шаванд, то соли 2030 партовҳои зарароварро танҳо 7,5 дарсад коҳиш медиҳанд. Аммо барои дар ҳудуди 1,5 дараҷа нигоҳ доштани гармӣ 55 дарсад кам кардани партовҳо зарур аст:
“Гап дар бораи холигии бузург меравад. Агар чизе тағйир наёбад, ҷаҳонро ҳадди ақал, 2,7 дараҷа болоравии ҳарорати ҳаво дар ҳамин аср мунтазир аст”, — гуфта шудааст дар гузориш.
Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш зимни суханронӣ ноумедии худро пинҳон карда натавонист:
“Ҳатто агар эъломияҳои рӯзҳои ахир иҷро шаванд ҳам, мо ба ҳар ҳол наметавонем роҳро ба сӯи фалокати иқлимӣ — гармшавӣ, ки беш аз ду дараҷа гарм мешавад, тағйир диҳем. Эъломияҳои нав барои то соли 2050 мебошанд ва ҳоло маълум нест, ки онҳо чӣ гуна амалӣ хоҳанд шуд”, — гуфт ӯ.
Худи номи гузориш “Гармӣ идома дорад”, ба гуфтаи Гутерриш, мӯҳтавои он аз набудани иродаи сиёсӣ дарак медиҳад.