Орзуи Махатма Ганди “Ҳиндустони воҳидро ҳеҷ қувва шикаст дода наметавонад” дар ҳоли амалӣ шудан аст

Shared to Facebook

Ҳиндустон, алалхусус Ҳукумати Нарендра Моди тавонист дар шароити хеле ҳассос таъсири ҳукумати марказиро ба иёлоту сохторҳои давлатӣ боло бардорад. Дақиқан Нарендра Моди барои Ҷамму ва Кашмир фишангҳои нави идоракуниро аз ҷониби марказ дар асоси тақозои давр тарҳрезӣ кард. Зеро роҳи дигар вуҷуд надошт. Дар ин минтақа аллакай ташаббусро ҷудоихоҳон ва ифротгароён ба даст гирифта буданд. Ташаббусҳои мухталифи иҷтимоию иқтисодии ҳукумати марказӣ аз мадди назар дур афтода буданд.

Ҳоло, дар ду соли охир маориф, беҳдошту тандурустӣ ва фарҳанг бо суръат рушд мекунанд. Ин пешравӣ дар натиҷаи лағви моддаи 370 Сарқонуни Ҳиндустон ба даст омада, усули идоракунӣ дар Ҷамму ва Кашмир ба таври инқилобӣ татбиқ гардид. Лоиҳаҳои рушд дар асоси самти инкишофи Ҷамму ва Кашмир тарҳрезӣ шуда, амният таҳким ёфт ва решаи коррупсия тавассути назорати марказ суст гардид.

Акнун маблағҳои буҷаҳо ва сармояи марказ ҳадафмандона ба мардум мерасанд. Ҳукумат ва мардум ба ҳам хеле наздик шуда, дар ин қаламрави иттифоқӣ лоиҳаҳои рушд дар навбати авал ба тақозои мардум ва ба манфиати мардум амалӣ карда мешаванд. Ин тағйирот саҳми оммаро дар идоракунии давлат афзуда, анъанаҳои минтақаро дубора эҳё кард. Ин иқдом идоракуниро такмил дода, ба шаҳрвандон имкон дод, ки дар раванди рушд фаъолонатар ширкат кунанд.

Ҳоло мардуми Ҷамму ва Кашмир мустақиман дар санҷишу назорати лоиҳаҳо ширкат варзида, ба ҳукумати марказӣ тарҳу пуржаҳои навро пешниҳод мекунанд. Ин муносибати бевосита на танҳо самаранокии идоракуниро баланд бардошт, балки дар байни аҳолии маҳаллӣ ҳисси соҳибихтиёрӣ ва масъулиятро ба вуҷуд овард.

Ҳукумати Нарендра Моди ҳамзамон ширкати фаъолонаи Ҷамму ва Кашмирро дар рушди иқтисоди тамоми Ҳиндустон зина ба зина таъмин менамояд.

Пас аз 5 августи соли 2019 дар Ҷамму ва Кашмир даҳҳо корхона, садҳо километр роҳу пулҳо, беморхонаҳо, мактабҳо ва лоиҳаҳои энергетикӣ бунёд гардиданд. Бисёре аз лоиҳаҳо солҳои қабл фақат дар рӯйи коғаз вуҷуд доштанд. Ҳукумати марказӣ барои лоиҳаҳои нави тараққиёт маблағҳои калон ҷудо карда, сари вақт анҷом додани онҳоро назорат ва таъмин менамояд. Сарвазир Моди пайваста аҳамияти тавсеаи имконоти иқтисодӣ ва эҷоди ҷойҳои корӣ дар минтақаро таъкид мекунад.

Тарафдорони гуруҳҳои террористӣ муайян ва боздошт шудаанд. Шабакаҳои террорӣ хароб гардиданд. Муҳити имрӯза барои рушди минтиқа, ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва рушди иқтисодӣ мусоид аст.

Дарвоқеъ, пас аз соли 1947 бори аввал мардуми Ҷамму ва Кашмир дарк карданд, ки онҳо соҳиби ин кишвар ҳастанд. Чорабиниҳои Ҷаласаи муваффақонаи G20 дар Сринагар Ҷамму ва Кашмири озоду оромро ба ҷаҳон муаррифӣ кард.

Лоиҳаи роҳи оҳани Деҳлӣ-Амритсар, Далл ва дигар инфрасохторҳо натиҷаи сиёсати Нарендра Моди дар Аироф мебошад. Акнун орзуи Махатма Ганди “Ҳиндустони воҳидро ҳеҷ қувва шикаст дода наметавонад” дар ҳоли амалӣ шудан аст.

Таҳияи

Наҷмиддин Шоҳинбодов