Остона: Ҳимояти раҳбарони руҳонии 24 кишвари ҷаҳон аз идеяи таъсиси ҳаракати ҷаҳонӣ барои сулҳ

Shared to Facebook

Имрӯз, 11 октбяр, дар Остона – пойтахти Қазоқистон, ҷаласаи XXI котиботи Анҷумани пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва суннатӣ — ислом, масеҳият, яҳудӣ, буддоӣ, ҳиндуизм, даосизм, синтоизм ва дигар динҳо ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор шуд. Бино ба иттилоъи котиботи Анҷуман, раҳбарони динӣ ва намояндагони онҳо — ширкаткунандагон аз 24 кишвари ҷаҳон рафти иҷрои муқаррароти Эъломияи дар Анҷумани VII пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ қабулшударо баррасӣ карданд. Консепсияи рушди Конгресс барои даҳ соли оянда, ки бо супориши Президенти Қазоқистон таҳия шудааст, низ тасвиб шудааст.

Раиси Сенати Парламенти Қазоқистон – Роҳбари Котиботи Анҷумани пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ Маулен Ашимбоев зимни қироати паёми Президент Қосим-Жомарт Тоқаев гуфт, Анҷумани пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ дар ду даҳсолаи фаъолияти худ дар таҳкими сулҳу ваҳдати байнимазҳабӣ, таблиғи ғояҳои таҳаммулпазирӣ ва дастгирии ҳамдигар, саҳми босазо гузоштан дар роҳи ҳалли мушкилоти мушкилоти муҳимми ҷаҳонӣ саҳми бузург гузошт.

“Дар ин минбар андешаву пешниҳодҳое шунида мешаванд, ки ба ҳифзи сулҳ, таҳкими муколама ва фарҳанги эҳтиром ва ҳамкорӣ нигаронида шудаанд. Дар вазъияти мураккаби ҳозираи байналмилалӣ аҳамияти чунин арзишҳо, монанди ахлоқ, накукорӣ ва башардӯстӣ меафзояд. Барои бартараф намудани мушкилоти асосӣ, ки дар назди инсоният истодаанд, ташаккул додани системаи нави амнияти байналмилалӣ аҳамияти калон дорад. Барои ин неруҳои ҷаҳониро, ки ҷонибдори сулҳу субот мебошанд, муттаҳид кардан лозим аст. Дар шароити муосир пешвоёни руҳонӣ нақши калон бозида метавонанд. Итминон дорам, ки сарони динҳои ҷаҳонӣ бо ҳам муттаҳид шуда, дар ҳалли мушкилоти глобалии башарият саҳми арзанда мегузоранд”, — гуфта шудааст дар паёми табрикотии Президент.

Раиси Сенати Парламенти Қазоқистон — Роҳбари Котиботи Анҷуман Маулен Ашимбоев ҳам дар суханронияш ба нотакрор будани ин платформаи муколама таъкид кард. Ба гуфтаи ӯ, шакли фаъолияти Анҷуман, ҳамчун муколамаи ошкоро ва содиқона байни динҳо бо иштироки ходимони бонуфузи сиёсию ҷамъиятӣ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, имкон медиҳад, ки масъалаҳои мубрами рушди ҷаҳон, даъват ба ҳалли низоъҳо ва зиддиятҳо дар асоси эҳтиром ва ҳамфикрӣ баррасӣ карда шавад.

Ҳамчунин, вай саҳми муҳими Конгрессро дар рафъи таҳдиди “бархӯрди тамаддунҳо” ва низоъҳо дар заминаи динӣ қайд кард. Ашимбоев гуфт, арзишҳои маънавию ахлоқии устувор, фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва муколама бояд асоси ҷомеаи муосир бошад. Маҳз онҳо бояд асоси сохти нави ҷаҳониро ташкил диханд – чизе ки дар Эъломияи хотимавии Анҷумани VII пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ инъикос ёфтаанд.

“Президенти кишварамон Қосим-Жомарт Тоқаев дар иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии СММ таъкид кард, ки Қазоқистон ба муколамаи байни динҳо ва конфессияҳо ҳамчун унсури ҷудонашавандаи фарҳанги сулҳ ва ҳамгироӣ мусоидат мекунад. Амали иғвогароне, ки бо ҳаадфҳои ғаразнок эҳсосоти динии диндоронро ба кор бурданӣ мешаванд, боиси ташвиши ҷиддист. Сӯзондани китобҳои муқаддас ва таҳқири рамзҳои динӣ вандализм аст, ки боиси хусумати байни халқҳо ва динҳо мегардад. Чунин амалҳои ғайриқобили қабул ва ваҳшиёна, тавре Сарвари давлат қайд намуд, ба озодии баён ҳеҷ рабт надорад. Маҳз ҳамин арзишҳо метавонанд сулҳ ва заминаи мустаҳками тартиботи нави ҷаҳониро таъмин кунанд. Нақши пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ дар ин раванд хеле муҳим аст”, — таъкид кард раиси Сенат.

Дар ҷараёни ҷаласа ширкаткунандагон Консепсияи рушди Конгресс барои солҳои 2023-2033-ро, ки бо супориши Президенти Қазоқистон таҳия шудааст, тасдиқ карданд. Ҳуҷҷат амиқтар кардани ҳамкориҳои Конгресс ва ниҳодҳои СММ ва дигар сохторҳои бонуфузи байналмилалӣ, васеъ намудани доираи шарикон ва ҷуғрофияи фаъолияти форумро пешбинӣ мекунад.

“Консепсия дурнамои навшудаи рушди форуми моро дар солҳои оянда пешниҳод мекунад. Навигарии асосӣ дар лоиҳаи Консепсия вусъат додани рисолати Анҷуман мебошад. Пешвоёни динии ҷаҳон муттаҳид шуда, метавонанд дар рафъи мушкилоти глобалии ҷаҳони муосир, камбизоатӣ, нобаробарӣ, парокандагӣ саҳми арзанда гузоранд. Ба қатъ кардани ҷангу низоъҳо, паҳн шудани фарҳанги муколама ва эҳтироми ҳамдигар мусоидат кунанд. Дар Консепсия механизмҳои пеш бурдани вазифаҳои Анҷуман дар марҳалаи нав нишон дода шудаанд. Таклиф карда мешавад, ки институти Сафирони иродаи неки Конгресс ҷорӣ карда шавад. Баргузории Анҷумани пешвоёни ҷавони дин дар назар аст. Дар Консепсия бояд як вектори равшани рушди динамикии форуми мо дар солҳои наздик муайян карда шавад”, — қайд кард Маулен Ашимбоев.

Дар навбати худ, ходимони дин зимни суханронии худ аҳамияти махсуси кори форуми Қазоқистонро қайд карданд. Аҳамияти муттаҳид кардани талошҳои раҳбарони мазҳабӣ ва сиёсӣ барои ноил шудан ба ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамоҳангии динҳо ва фарҳангҳо таъкид шуд. Пешвоёни маънавӣ ҳамчунин ба миқёси масъалаҳои конгресс, ки ба иҷрои вазифаи умумии ҳамаи иштироккунандагони анҷуман — ҳифзи сулҳу субот ва ҳамфикрии байни динҳо нигаронида шудаанд, таваҷҷуҳ карданд.

Ба ғайр аз ин, дар рафти ҷаласа маросими супурдани ҷоизаҳои давлатии Қазоқистон ва медалҳои хотиравии Конгресс ба иштирокчиёни ҷаласаи Котибот баргузор гардид. Ҳамин тариқ, барои саҳмаш дар ташаккул ва рушди ин минбари муколама раиси Идораи динии мусулмонони Қафқоз Шайх-ул-ислом Оллоҳшукур Пошозода бо ордени “Дӯстӣ” (“Достық”), дараҷаи II ва як қатор иштирокчиён бо медалҳои “Шапагт” (“Шапағат”)  ва медалҳои фахрии Анҷуман мукофотонида шуданд.

Дар поёни ҷаласа ширкаткунандагон дар изҳороте фаъолияти муваффақи 20-сола ва нақши муҳими созандаи Конгрессро таъкид карда, ҳамчунин, идеяи Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаевро оид ба зарурияти ба вуҷуд овардани ҳаракати нави умумиҷаҳонии сулҳ барои барпо намудани системаи мустаҳками амнияти байналмилалӣ ва бартараф намудани душвориҳо ва мушкилоти тезу тунд ҳимоят намуданд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки иқдоми муҳим дар татбиқи амалии ин идея Ташаббуси ваҳдати умумиҷаҳонӣ барои сулҳи одилона ва ҳамоҳангӣ мебошад, ки аз ҷониби Қазоқистон ба сифати раиси Созмони ҳамкории Шанхай пешниҳод шудааст. Иштирокчиёни ҷаласа ҳамчунин тасмим гирифтанд, ки ҷаласаи навбатии XXII Котиботи Конгрессро тирамоҳи соли 2024 дар Остона баргузор кунанд.