Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

6 ҳазор доллари қалбакӣ


27.04.2021 09:41

: 47

Дар натиҷаи коркарди ахбороти оперативӣ аз тарафи кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як ҳолати ҷинояти марбут ба муомилот баровардани пули қалбакӣ ва қоғазҳои қимматнок, ки омили таъсиррасонанда ба рушди бонизоми иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад, дар ҳудуди пойтахт ошкор гардид.

Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят 4-нафар шаҳрвандон;

Искандаров Сулаймон Сайвалиевич, соли таваллудаш 1986, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Лоҳур;

Гулаҳмадов Искандар Исмонович, соли таваллудаш 05.09.1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, н. Фирдавсӣ, кӯчаи Н. Қарабоев;

Шукуров Фирдавс Меъроҷович, соли таваллудаш 09.05.1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, н. Сино, кӯчаи П.Сулаймонӣ;

Эгамқулов Сорбон Хуршедович, соли таваллудаш 31.05.1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, н. Фирдавсӣ, кӯчаи А.Деҳотӣ дастгир карда шуданд.

Дар натиҷаи маҷмуи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз дастгиршудагон 26-адад купюраҳои 100-доллара ва 66-адад купюраҳои 50-доллара, ки дар маҷмуъ, 5-ҳазору 900-долларро ташкил медиҳанд, ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира шуданд. Тибқи ташхис, асъори мусодирашуда қалбакӣ буда, бо истифода аз дастгоҳи чопии ранга омода гардидаанд.

Дар натиҷаи тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дастгиршуда Искандаров Сулаймон 14-ҳазор доллар купюраҳои қалбакиро ба хотири ба муомилот баровардан қабул намуда, ба рафиқаш Гулаҳмадов Искандар додааст. Гулаҳмадов Искандар бошад ба хотири амалӣ сохтани ин кирдори ҷиноятӣ рафиқонаш Шукуров Фирдавс ва Эгамқулов Сорбонро ҷалб намуда, як қисми онро ба хориҷи кишвар ва қисми дагарашро, ки мусодира шуд, дар марказҳои дилхушӣ ва дигар маконҳо ба муомилот баровардаанд.

Тавре аз нишондоди дастгиршудагон бармеояд, гумонбаршудагон асъори қалбакиро аз хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудаанд, ки аз рӯи шакл, ҳаҷм ва дигар сифатҳо ба доллари аслӣ монандӣ дошта, қалбакӣ будани онро муайян кардан душвор аст.

Айни ҳол барои ба муомилот баровардани пули қалбакӣ нисбати дарсгиршудагон бо моддаи 281 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурдагон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Вобаста ба ин мақомоти милитсия шаҳрвандонро ҳушдор медиҳад, ки асъори хориҷиро аз бонкҳо дастрас ё дар нуқтаҳои махсуси мубодилавӣ иваз намуда, манфиати молу мулкии худро ҳифз намоянд!

Маркази матбуоти

Раёсати ВКД

дар шаҳри Душанбе


Комментарии для сайта Cackle