Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Қочоқи 90 кг тилло ва 15 миллион доллар


26.04.2021 08:08

: 188

Суди шаҳри Душанбе ҳукми нафаронеро, ки дар кочоқи 90 кг тилло ва 15 миллион доллар аз Афғонистон ба Тоҷикистон даст доштаанд, содир кард. Бино ба хулосаи ҳукм, ки дар сомонаи суд нашр шуд, нӯҳ нафар, аз ҷумла, кормандони мақомоти гумрук ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба муҳлатҳои аз 2 то 5,5 сол маҳкум ба зиндон шудаанд.

Дар маҷмӯъ, дар ҳукми суд оид ба қочоқи наздик ба 300 миллион асъори хориҷӣ ва 1 тоннаю 376 кг тилло маълумот дода шудааст, ки бо мусоидати кормандони гумрук ва як корманди милитсия сурат гирифтааст.

Бино ба ин ҳукм, дар тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ муайян карда шуд, ки Сафаров М.Д. ва Назаров С. давоми солҳои 2018-2020 бо шаҳрвандони хориҷии шахсияташон ба тафтишот номаълум, аз ҷумла бо ному насаби “Наим Расолӣ” ва “Муҳаммад Зариф” шиносоӣ пайдо намуда, бо онҳо барои ба воситаи Тоҷикистон тариқи қочоқ ба Аморати Муттаҳидаи Араб ва шаҳри Истамбули Туркия интиқол додани асъори хориҷӣ ва тилло, ки дар шакли сабикаи худсохт омода шудааст, маслиҳати пешакӣ намудаанд.

Бо мақсади амалӣ намудани нақшаи худ Сафаров М.Д. барои иҷрои ин кор бародари худ Сафаров Ф., домодҳояш Раҳмонов М. ва Саидов Ҳ.-ро низ ҷабл намуда, аз ширкатҳои “Suhrob Gheyasi Jewelliry”  – (Суҳроб Ҷувайши Ҷевелирӣ) ва “Abdul Naseem Qarizada  Jewelliry”- роҳбараш Абдул Насим Қаризада барои интиқоли асъор ва тилло ваколатнома гирифтаанд.

Назаров С. бо ҳаммаслаконаш Сафаров М.Д., Сафаров Ф.Д., Давлатзода А., Саидов Ҳ.А., Саидзода Ф. ва Раҳмонов М.Н. аз 4 сентябр то 14 ноябри соли 2020 бо қасди умумӣ ва мақсади ягона, дар 37 ҳолат, асъори хориҷӣ дар ҳаҷми 207 594 515 риёл (Арабистони Саудӣ), 2 565 510 дирҳам (Амороти Муттаҳидаи Араб), 55 560 000 доллар (ИМА), 1 010 000 фунт-стерлинг (Британияи Кабир), 4 460 000 евро, 585 431 динор (Кувайт), 200 000 доллар (Канада) ва 1 тоннаю 376 кг 756 гр тилло, ки дар шакли сабика омода шуда буд ва миқдори калонро ташкил медод, дар гумруки Панҷи поён дар шакли бағоҷи ҳамроҳинашаванда ғайриқонунӣ бидуни ҳуҷҷатҳои содиротии мақомоти гумруки Афғонистон қабул намудаанд. Онҳоро бо роҳи фиреб ва ҳуҷҷатҳои рӯякиву сохтакорона омода карда, яъне нусхаи шартномаҳои хариду фурӯши металли қиматбаҳо байни ширкатҳои “Suhrob Gheyasi Jewelliry” бо “Muhammad Zarif Baha General Trading” таҳти № 0508\01 аз 05.08.2020 сол ва “Abdul Naseem Qarizada Jewelliry” бо “Muhammad Zarif Baha General Trading” ба воситаи фурудгоҳи Душанбе тавассути ҳавопаймо ба шаҳрҳои Дубай ва Истамбул ҳамчун борҷомаи дастии ҳамроҳишавандаи шахсони дарҷшуда интиқол дода, ба намояндаҳои шаҳрвандони хориҷии шахсияташон ба тафтишот номаълум, аз ҷумла бо ному насаби “Наим Расолӣ”ва “Муҳаммад Зариф” супоридаанд.

Назаров С.Р. ҳамроҳи Сафаров Ф.Д. рӯзи 14 ноябри соли 2020 баъди гузаштани ҳамаи дидбонгоҳҳои дохили фурудгоҳи Душанбе ҳангоми ба толори парвози ҳавопаймои самти Душанбе-Дубай раҳсипор шудан дастгир гардидаанд. Аз онҳо далелҳои шайъӣ - 13 489 638 риёл, 200 000 фунт-стерлинг ва 89 кг 350 гр тилло ёфта гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти Суди шаҳри Душанбе, Назаров Субҳиддин Розакович дар ҳайати гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ дар 37 ҳолат ҷинояти қочоқи асъори хориҷӣ ва металли қиматбаҳо содир кардааст.

Ҳамчунин, ба маълумоти суд, ин қочоқи ҳаҷман бузург бо хунукназарию мусоидати кормандони мақомот, аз ҷумла, нозири калони дидбонгоҳи гумрукии Панҷи поён Шарипов М., нозирони мушояти гумрукӣ Аслонов Зариф ва Сайфуллоев Қурбоналӣ ва ваколатдори фаврии ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Қ. сурат гирифтааст. Масалан, нозири калони дидбонгоҳи гумрукии Панҷи поён Шарипов М.З. дар 12 ҳолат ҳангоми бо ҳуҷҷатҳои рӯякиву сохта ва бидуни эъломияҳои байналмилалии гумрукии мақомоти  гумрукӣ интиқол додани миқдори 590 кг 001 гр тилло ба вазифаҳои хизматии худ бепарвоӣ намуда, бо ҳуҷҷатҳои рӯякиву сохта ва бидуни эъломияҳои байналмилалии гумрукии мақомоти гумрук содир гаштани қочоқи калони молро муайян ва пешгирӣ накардааст. Баръакс, онҳоро бе қасди содир кардани ҷинояти қочоқ ҳамчун транзити гумрукии байналмилалӣ барасмият дароварда, деклоратсияҳо ва декларатсияҳои транзити дохилӣ тартиб дода, барои қочоқи миқдори зиёди тилло шароит фароҳам овардааст.

Нозирони мушояти гумрукӣ Аслонов З.Ю. ва Сайфуллоев Қ. бошанд, то дигар минтақаҳои гумрукӣ мушоият намудани мол ва воситаҳои нақлиёт вазифадор гардида, аз 8 сентябр то 14 ноябри соли 2020 Аслонов З.Ю. дар 11 ҳолат ва Сайфуллоев Қ. дар 15 ҳолат барои то дидбонгоҳи гумрукии майдони ҳавоии фурудгоҳи Душанбе мушоият намудани тиллои қочоқӣ вазифдор гардидаанд. Онҳо барои “хизматҳо” аз 700 то 1500 сомонӣ барои ҳар як рӯзи мушоият мегирифтаанд.

Ваколатдори фаврии милиса дар ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Қудбиддин аз 20 октябр то 14 ноябри соли 2020 дар 16 ҳолат бо силоҳи хизматии тамғаи “Макаров” ҳангоми интиқоли пулу тилло ҳамчун муҳофизи мусаллаҳ иштирок намудаст. Аз ҷумла, ӯ ҳангоми аз тарафи Сафаров М.Д. ва дигарон аз гумруки Панҷи поён ба шаҳри Душанбе интиқол додани ҷамъ 51800440 риёл, 4 580 000 доллар, 875750 дирҳам, 1 880 000 евро, 460 000 фунт-стерлинг ва 625 кг 304 гр тилло ҳамчун муҳофизи мусаллаҳ иштирок намуда, барои ҳар як ҳолати чунин хизматрасонии ғайриқонунии худ аз Сафаров М.Д. ва ҳаммаслаконаш аз 200 то 350 сомонӣ, ҷамъ аз 3200 то 5600 сомонӣ маблағи пулӣ гирифтаст.

Бо ҳукми Суди шаҳри Душанбе, Назаров Субҳиддин Розакович, Сафаров Муҳамадалӣ Давлатович, Сафаров Фирдавсӣ Давлатович, Саидов Ҳасан Асадуллоевич, Раҳмонов Меҳрубон Нахимович бо моддаи 289 қисми 2, Шарипов Маҳмадризо Зарифович бо моддаи 322 қисми 1, Сайфуллоев Қурбоналӣ Нуралиевич, Аслонов Зариф Юсупович ва Одиназода Қудбиддин Назрӣ бо моддаи 314 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шудаанд.

Суд Назаров Субҳиддинро барои қочоқ ба 5,5 сол, Сафаров Муҳаммадалиро ба 5,5 сол, Сафаров Фирдавсӣ - 5 сол, Саидов Ҳасан Асадуллоевич - 5 сол, Раҳмонов Меҳрубонро 5 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум намудааст.

Барои сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ Сайфуллоев Қурбоналӣ, Аслонов Зариф ва Одиназода Қудбиддин ҳар кадоме ба ду соли зиндон маҳкум шудаанд.

Ба Шарипов Маҳмадризо барои хунукназарӣ ду соли корҳои ислоҳӣ бо нигоҳ доштани 30 фоизи музди меҳнаташ ба фоидаи давлат таъйин карда шудааст.

Зикр мешавад, ки далелҳои шайъӣ - 89 килою 343 гр тилло ва асъори хориҷӣ 13 489 539 риёл ва 200 000 фунт-стерлинг, ки дар БМТ нигоҳ дошта мешаванд, пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ба фоидаи давлат мусодира карда шудаанд.


Комментарии для сайта Cackle