Дар назар аст, ки ҳукми гумонбарони ҳамла ба толори консертии “Крокус”-и Маскав рӯзи 12-уми марти имсол дар ҳузури расонаҳо ва мардум эълон шавад. Дар ин бора вакили дифоъи ҷабрдидагон Даниел Готйе ба хабаргузории ТАСС иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, муҳокимаи судӣ дар бинои Суди шаҳри Маскав доир шуда, соати 11:00 оғоз ва ҳукм ба шакли кушода эълон мешавад.
Ба иттилои манбаъ, намояндаи Прокуратураи генералии Русия нисбат ба 15 гумонбар ҳабси абад ва 4 тани дигар аз 19 солу 11 моҳ то 22 сол ҷазои зиндон талаб кардааст.
Ҳамчунин, айбдоркунандаи давлатӣ хостааст, хешовандони Фаридуни Шамсидин, яке аз гумонбарон аз Тоҷикистон, ки аз гумонбарони асосӣ дониста мешавад, аз шаҳрвандии Русия маҳрум шаванд.
Ба гуфтаи манбаъ, намояндаи прокуратура ҳамчунин талаб кардааст, ки Алишер Қосимов, соҳиби манзиле, ки чор гумонбари асосии ҳамла пеш аз ҳодиса онҷо зиндагӣ мекарданд, аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва худи манзил ба фоидаи давлат мусодира карда шавад.
Гуфта мешавад, номи ҳамаи 19 гумонбар, ки аксарашон шаҳрвандони Тоҷикистонанд, ба рӯйхати террористон дар Русия ворид карда шудааст.
Ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Холл” дар вилояти Маскав рӯзи 22-юми марти соли 2024 сурат гирифта, дар натиҷаи он 146 нафар ҳалок ва зиёда аз 550 нафар осеб диданд.




