Агентии таҳқиқоти кайҳонӣ ва технологияҳои Ӯзбекистон “Узбеккосмос” нақша дорад, ки барои парвоз ба кайҳон интихоби умумимиллӣ ва кушоди номзадҳоро баргузор кунад. Дар ин бора муовини директори Агентӣ Муҳиддин Иброҳимов дар суҳбат бо шабакаи телевизионии O’zbekiston 24 изҳор доштааст.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз ҷаласае, ки 16 феврал бо иштироки президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор шуд, “Узбеккосмос” ба омӯзиши муфассали масъалаи парвози кайҳоннаварди миллӣ оғоз кард. Мирзиёев дастур дод, ки комиссияи махсуси давлатӣ оид ба ирсоли кайҳоннавард таъсис дода шавад, ки ба интихоби довталабон, омодасозии онҳо ва ташкили парвоз машғул мешавад.
Иброҳимов гуфтааст, талабот ба номзадҳои кайҳоннавардӣ хеле сахт хоҳад буд, ки вазъи саломатӣ, нишондиҳандаҳои физиологӣ, сатҳи донишҳои илмӣ ва донистани забонҳои хориҷиро дар бар мегиранд.




