Лоиҳаи Конститутсияи нави Қазоқистон нашр шуд

Shared to Facebook Shared to Max

Комиссияи ислоҳоти конститутсионӣ лоиҳаи Конститутсияи нави Қазоқистонро нашр намуд, хабар медиҳад gov.kz.

Гуфта мешавад, лоиҳаи Қонуни асосии нави кишвар дар натиҷаи таҳлили ҳамаҷонибаи пешниҳодҳои шаҳрвандон, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва коршиносон, муҳокимаҳои кушоди оммавӣ ва коркарди муфассали меъёрҳо ва муқаррароти нав таҳия шудааст.

Нуқтаи ибтидоии ислоҳоти конститутсионӣ ташаббуси Сарвари давлат Қосим-Жомарт Тоқаев оид ба таъсиси Парлумони якпалатагӣ дар Қазоқистон гардид. Президент ин тасмимро 8 сентябри соли 2025 дар Паёми солонаи худ ба мардуми кишвар бо мақсади аз нав роҳандозии ҳамаҷонибаи низоми сиёсӣ ва расонидани таъсири мусбат ба рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии Қазоқистон дар давраи зеҳни сунъӣ номид.

8 октябр фармон дар бораи таъсиси Гурӯҳи корӣ оид ба ислоҳоти парламентӣ ба имзо расид, ки ба ҳайати он ҳуқуқшиносони маъруф, коршиносон, намояндагони фраксияҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ шомил шуданд.

Ҳамчунин, шаҳрвандони фаъол низ ба муҳокимаҳо пайвастанд ва фикру пешниҳодҳои худро тавассути порталҳои e-Otinish ва eGov ирсол карданд.

Ҳамин тариқ, баррасии фаъолонаи ислоҳоти нав тақрибан ним сол идома ёфт. Дар ин муддат Гурӯҳи корӣ ҳамаи пешниҳодҳои шаҳрвандонро, ки зиёда аз 2 ҳазор адад буданд, ҳамаҷониба баррасӣ ва ҷамъбаст намуд.

Дар ҷаласаи V-уми Қурултойи миллӣ моҳи январи соли 2026 Сарвари давлат натиҷаҳои ин корро ҷамъбаст карда, дидгоҳи худро оид ба тағйироти оянда пешниҳод намуд.

Қосим-Жомарт Тоқаев гуфт, дар ибтидо пешбинӣ мешуд, ки ислоҳот тақрибан 40 моддаи Қонуни асосиро фаро мегирад.

Бо вуҷуди ин, дар ҷараёни кор маълум гардид, ки ҳаҷми тағйирот хеле бештар хоҳад буд – онҳо ба бисёр паҳлуҳои дигари ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ низ таъсир мерасонанд.

21 январ Комиссияи конститутсионӣ таъсис дода шуд. Ба ҳайати он 130 нафар аз ҷумлаи аъзои Қурултойи миллӣ, ҳуқуқшиносони маъруф, шахсони мансабдори мақомоти марказии давлатӣ, роҳбарони ВАО, раисони маҷлисҳои маҳаллӣ, намояндагони шӯроҳои ҷамъиятии минтақавӣ, инчунин намояндагони ҷомеаи илмӣ ва коршиносӣ шомил гардиданд. Бо ин тартиб, дар ҳайат ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва минтақаҳои Қазоқистон фаро гирифта шуданд.