Дар пойтахти Қазоқистон, майдони «Нур Алем» дар ҳудуди шаҳраки EXPO бо ранги парчами кишварҳои иштирокдори лоиҳаи мусиқавии «Silk Way Star» равшан гардид, хабар медиҳад «Садои Осиёи Марказӣ». (Голос Центральной Азии)
Нурпошии проексионӣ ба рамзи EXPO дар услуби махсуси ин озмун, ки сарояндаҳоро аз кишварҳои гуногун муттаҳид месозад, тарҳрезӣ шудааст.
«Silk Way Star» ҳамчун платформаи фарҳангӣ муаррифӣ мегардад, ки равияҳои гуногуни мусиқиро дар бар мегирад, ҳам суннатӣ ва ҳам муосир, ки фарҳанг ва мусиқии кишварҳои Роҳи Бузурги Абрешимро инъикос менамояд.
«Silk Way Star»- аввалин озмуни овозхонии сатҳи минтақавии Осиё мебошад, ки дар доираи созишномаи байни Телерадиокомлекси Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ва корпоратсияи расонаии Чин — CMG баргузор мешавад.
Дар шоу сарояндагон аз 12 кишвар иштирок мекунанд: Қазоқистон, Чин, Озорбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Малайзия, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Кореяи Ҷанубӣ.
Сабти барнома аллакай дар шаҳри Остона оғоз шудааст. Премераи шоу 20 сентябр баргузор мешавад, дар ҳоле ки намоиши финалӣ рӯзи 22 ноябр ба таври зинда, тариқи телеканали Jibek Joly ва шабакаҳои пешбари кишварҳои иштирокдор пахш мегардад.
Формати шоу 10 барномаро дар бар мегирад ва ғолиб бо истифода аз усули омехтаи овоздиҳӣ муайян карда мешавад: 50% — аз ҷониби ҳакамон, 50% — тавассути овоздиҳии онлайнии тамошобинон.
Аудиторияи тахминии лоиҳа — зиёда аз як миллиард тамошобин мебошад.
Манбаъ: Голос Центральной Азии (Садои Осиёи Марказӣ)