Дар Қазоқистон ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд

Shared to Facebook

Дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи панҷуми роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарони мақомоти корҳои дохилии шаҳрҳои Душанбе, Боку, Ереван, Минск, Бишкек, Москва, Ашқобод ва Тошканд иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахтҳо, амният дар иншооти ҳаётан муҳими шаҳрӣ, рушди низоми мушоҳидаи видеоӣ, таъмини бехатарӣ аз ҷиноятҳои киберӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, инчунин таҷрибаи ҳамоҳангсозии ниҳодҳои милитсия зимни баргузории чорабиниҳои оммавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласа аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Шоҳрух Саидзода иштирок намуд.

АМИТ «Ховар»