Тоҷикистон аз Русия ваксинаи зидди коронавируси COVID-19 мехарад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мегӯяд, дар доираи созишномаҳои қаблан баимзорасида бо Вазорати тандурустии Русия барои харидории ваксина гуфтушунид мекунад.
Муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Наврӯз Ҷаъфаров ҳам бо тасдиқи ин маълумот ба АМИТ “Ховар” гуфтааст, гуфтушунидҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ низ идома доранд.
Ба гуфтаи номбурда, ҳаҷми истеҳсоли ваксина дар Русия барои фурӯши оммавӣ ҳанӯз кофӣ нест, зеро ба нақша гирифта шудааст, ки дар як сол то 1,5 миллион воя (доза) ваксина истеҳсол карда шавад, дар ҳоле ки худи аҳолии Русия 142 миллион нафарро ташкил медиҳад. Тибқи арзёбиҳои пешакӣ, барои эм кардани аҳолии он кишвар тақрибан 9 сол лозим аст. Ба ҷуз Тоҷикистон, 26 давлати дигар барои харидории ваксина дар навбат қарор доранд:
“Азбаски байни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи тандурустӣ созишнома вуҷуд дорад, умед дорем, ки ба мо ин ваксина дастрас карда мешавад”,-гуфтааст ӯ.
Дар ҳамин ҳол, ҳанӯз маълум нест, ки ваксина кай дастрас карда мешавад.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, а2ни замон барои муайян намудани миқдори зарурии ваксина гуруҳи корӣ таъсис ёфтааст. Пеш аз ҳама, ваксина барои беморони гирифтори диабети қанд, бемориҳои роҳи нафас, кормандони соҳаи тиб, онҳое, ки ба ҳифзи сарҳад машғуланд ва танҳо баъд барои аҳолии солим ҳисоб карда мешавад.
“Ҳангоми ҳисобкунӣ инчунин бояд ба назар гирифт, ки миқдори муайяни одамон ба COVID-19 гирифтор шуда, подтан (антитела) пайдо мекунанд ва ба ин одамон гузаронидани ваксина лозим намеояд. Одатан, подтанҳо тақрибан ду сол фаъоланд”, — шарҳ додааст Наврӯз Ҷаъфаров.
Русия рӯзи 11 август аз сабти номи нахустин ваксинаи зидди коронавируси COVID-19 хабар дод. Ба гуфтаи муовини сарвазири Русия Татяна Голикова, аллакай дар моҳҳои август-сентябри соли ҷорӣ эмгузаронии духтурон бо доруи нав ба нақша гирифта шудааст. Аммо олимон ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи Русия ба ин дастовард бо шубҳа менигаранд. Вобаста ба ин СҶТ хостааст, ҳамаи маълумотҳо дар бораи бехатарӣ ва самарабахшии ваксинаи нави Русия бар зидди коронавирус бояд бодиққат тафтиш карда шаванд. Қаблан ҳам ин созмон аз Русия даъват кард, ки стандартҳои муқарраршудаи истеҳсоли дорувории бехатар ва самаранокро ҳангоми таҳияи ваксина риоя кунад.