Ҳолатҳои фавқулодда: боди сахту шадид дар Хатлон, заминларза дар Бадахшон, ғарқшавӣ дар Суғд

Shared to Facebook

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар ҳодисаҳое табиие, чун заминларза, боди шадид ба қайд гирифта шуда, мақомот ҳамчунин аз ғарқ шудани ду нафар хабар доданд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, рӯзи 31 май бар асари боди сахту шадид дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон симчӯбҳои интиқоли қувваи барқ зарар диданд, боми хонаҳои баъзе сокинон, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва иншоотҳои ёрирасон қисман зарар диданд. 

Чунин ҳолат дар ноҳияи Темурмалик низ ба қайд гирифта шудааст:

“Дар ноҳияи Темурмалик низ дар натиҷаи боди шадид зарари расида дар беш аз 200 хоҷагӣ дар 7 ҷамоати деҳот ба қайд гирифта шуд. Дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дорад. Талафоти ҷонӣ ва ҳамчунин нобудии ҳайвоноти хонагӣ низ ба қайд гирифта нашудааст”, — гузориш дод сомонаи КҲФ.

Бино ба гузориши Институти зилзиласанҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон субҳи дирӯз, 1-уми июн, соати 06:26 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар зилзила ба қайд гирифта шуд. Маркази он 293 км ҷанубу шарқи Душанбе, 43 км шимолу шарқи шаҳри Хоруғ будааст. Қувваи заминларза дар маркази он 4-5 балл, дар шаҳри Хоруғ 4 баллро ташкил додааст.

Мақомот гуфтанд, талафоти  ҷонӣ ва харобӣ ба қайд гирифта нашудааст. 

Ҳамзамон ба ин КҲФ Тоҷикистон аз сабти боз ду ҳолати ғарқшавӣ дар вилояти Суғд хабар дод:

Ду сокини ин вилоят, ки яке 22 сол дошту дуюмӣ 47 сол, шабонарӯзи гузашта ҳангоми оббозӣ дар ҷойҳои мамнӯъ ғарқ шудаанд”, — гуфта шудааст дар хабари ин ниҳод. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба сокинон ёдовар шудааст, ки ҳангоми ҳузур дар соҳили обҳо қоидаҳои бехатарии шиновариву оббозиро фаромӯш накунанд.