Дар пайи ҳамлаи “Толибон” ба Комиссариати сарҳадии “Шерхон-Бандар”-и вилояти Қундузи Афғонистон беш аз 130 хизматчии низомии ҳамсоякишвар ба Тоҷикистон фирор кардаанд.
Дар ин бора дар изҳороте Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба ин изҳорот, дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона, ки то соати 09:00-и санаи 22-юми июн идома ёфт, 134 хизматчии ҳарбии қувваҳои ҳукуматии ҶИА ба муқовимат тоб наоварда, маҷбур шуданд, бо мақсади наҷоти худ тавассути минтақаи ҳудуди муҳофизатии дидбонгоҳҳои 3 ва 4-уми ОС “Панҷ” Сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намоянд.
“Сарҳадбонони тоҷик бо ба инобат гирифтани маънавиёти инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ маҷбур шуданд, ба гурезагони иҷборӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозати вуруд диҳанд. Дар миёни ҳарбиёни ҶИА 4 нафар маҷрӯҳ ва 1 нафар кушташуда қарор дорад”, — омадааст дар изҳорот.
Ба гуфтаи мақомоти амнияти Тоҷикистон, вазъ дар хати сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон дар минтақаи мазкур мураккаб арзёбӣ гардида, теъдоди умумии хизматчиёни ҳарбии афғон, ки аз дасти толибон дар Шерхон-Бандар захмиву кушта ё асир афтодаанд, то 100 нафарро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти тасдиқшуда, даҳ рӯзи охир дар чор вилояти бо Тоҷикистон ҳамсарҳади ҶИА задухӯрдҳои мусаллаҳона байни қувваҳои ҳукуматӣ ва ҳаракати Толибон идома дорад. Дар натиҷа вулусволиҳои Чоҳёб, Янги Қалъа, Дарқад, Дашти Қалъа, Хоҷағори вилояти Тахор, вулусволиҳои Дашти Арчӣ, Имом Соҳиб ва Қалъаи Золи вилояти Қундуз, ду гузаргоҳ – “Шерхон Бандар” ва “Кокул” ба дасти Толибон гузаштанд.