Вилоятҳои Бадахшони Тоҷикистон ва Оши Қирғизистон таҷдиди ҳамкорӣ менамоянд

Shared to Facebook

26.03.2025 / 03:16 / 

Дар чавкоти сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки рӯзҳои 12-13 марти соли 2025 ба вуқуъ пайваста буд, дар қатори дигар ҳуҷҷатҳои расмии ҳамкорӣ, Барномаи ҳамкорӣ байни вилоятҳои Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ва ВМБК и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 дар самтҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва фарҳангӣ- гуминанитарӣ ба имзоъ расид.

Барои амалӣ сохтани ин барномаи ҳамкорӣ, бо даъвати раиси вилояти Бадахшони Кӯҳӣ Алишер Мирзонабот Худойбердӣ, аз 23 то 25 март ҳайъати меҳмонони расмии вилояти Ош ба шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон ташриф оварданд.

Дар ин боздид вилоятҳои ҳаммарзи кишварҳои ҳамсоя масоили рӯзмарраи фаъолияти ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Барномаи ҳамкории байни минтақаҳои ду кишвари ҳамсоя дар солҳои 2025-2030 пуружаҳои мухталифи ҳамкориро дар самтҳои иқтисодӣ-тиҷорӣ ва фарҳангӣ-гуминатарро фаро хоҳанд гирифт!