Бино ба гузориши матбуоти Ӯзбекистон, кормандони постгоҳи марзии “Сариосиё” дар вилояти Сурхондарё далели интиқоли миқдори зиёди маводи нашъаоварро ошкор намуданд.
Маркази матбуоти Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбекистон хабар додааст, ки соати 3:30 дақиқаи 25 август мошини боркаши тамғаи “Merсedes-Benz”, таҳти идораи шаҳрванди Тоҷикистон, ба ин постгоҳ омад.
Дар назари аввал ҳеҷ чизи шубҳаоваре мушоҳида нашуда, ронанда изҳор доштааст, ки мувофиқи ҳуҷҷат дар автомашина 20 тонна калоба бор карда шудааст.
Аммо зимни азназаргузаронии ядак (притсеп)-и автомашинаи боркаш бо ёрии сагони хидматӣ маълум шудааст, ки дар қисмати пеши ядак 93 бастаи полиэтиленӣ пинҳон карда шудааст.
“Баъд аз кушодани бастаҳо дар 82 баста 85 килою 505 грамм ҳероин ва дар 11 бастаи боқимонда 11 килою 425 грам ҳашиш дарёфт шудааст”, — хабар дод манбаъ.
Бино ба ин гузориш, дар умум, аз кӯшиши интиқоли 96 килою 930 грамм маводи мухадир пешгирӣ карда шудааст.
Зикр мегардад, ки аз рӯйи ин далели содир шудани ҷиноят мақомоти гумрук парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.