Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) наворҳои видеоии амалиёти боздошти аъзои як гурӯҳ экстремистҳоро дар Екатеринбург, ки муҳоҷиронро ба амалҳои террористӣ водор намудаанд, нашр кард.
Дар наворҳо дида мешавад, ки чӣ тавр чанд нафарро дар манзилҳои зист боздошт мекунанд, аз ҷумла, ду нафарро дар ошхонаи ин манзил дастгир мекунанд.
Қаблан, рӯзи чоршанбе, ФСБ хабар дод, ки дар Екатеринбург фаъолияти як ячейкаи мазҳабӣ-экстремистии иборат аз зодагони кишварҳои Осиёи Марказиро ошкор кардаанд. Муайян карда шудааст, ки аъзои ячейка дар таблиғи идеологияи созмонҳои байналмилалии террористӣ ва мӯътақид сохтани муҳоҷирони корӣ ба содир намудани ҷиноятҳои террористӣ дар Русия иштирок даст доранд. Гуфта мешуд, далелҳои шайъии аз боздоштшудаҳо мусодирашуда робитаи онҳоро бо раҳбарони террористон дар Ховари Миёна тасдиқ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, “Спутник” бо такя ба маълумоти РЕН ТВ хабар додааст, ки боздоштшудаҳо чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Русия ҳастанд.
Ҳангоми кофтуков дар манзилҳои боздоштшудагон маводи таркандаи қаблан омодашуда бо вазни умумии се кило дарёфт карда шуд.
Гуфта мешавад, ду нафар аз ин гумонбарон ба ҷинояткорон роҳбарӣ карда, усулҳои ҷинояткориро таҳия ва масъулиятҳоро байни аъзои ячейка тақсим кардаанд. Дигарон ба маъракаи таблиғотӣ ва ҷалбкунӣ машғул будаанд.
Бархе дигар манобеъ онҳоро мубаллиғони “Толибон” номидаанд.