Тоҷикистон ва Ҳиндустон як ёддошти тафоҳум барои иҷрои тарҳҳои рушди иҷтимоъиро имзо карданд. Бино ба хабари Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон, Ёддошти тафоҳум дар бораи кумакҳои бебозгашти Ҳиндустон барои татбиқи Барномаи татбиқи лоиҳаҳои таъсири баланд дар Ҷамоатҳо (HICDP) дар Тоҷикистонро рӯзи 16 декабр Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Сингҳ ва Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода имзо карданд.
Гуфта мешавад, чунин созишномаҳо бо чаҳор кишвари дигари Осиёи Марказӣ ба имзо расидаанд.
Тибқи ин ёддошти тафоҳум, Вазорати молияи Тоҷикистон лоиҳаҳоеро пешниҳод мекунад, ки арзиши онҳо то 16,94 миллион сомонӣ (ҳудуди 1,5 миллион доллари ИМА)-ро барои амалисозии ҳар як чунин лоиҳа ҳамчун гранти Ҳукумати Ҳиндустон иборат бошад.
“Лоиҳаҳо бояд асосан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, дастгирии некӯаҳволӣ, тавонмандсозии занон, ҳифзи кӯдакон ва осон кардани ҳаёти ҷамъиятӣ, бахусус тавассути эҷоди инфрасохтор дар соҳаи маориф, тандурустӣ, таълими касбӣ, кишоварзӣ ва агросаноатӣ, микро -обёрӣ, энергияи барқароршаванда, энергетика, тиҷорат, нақлиёт ва коммуникатсия, равона шуда бошанд”, — шарщ дод Сафорат.
Таъкид шудааст, ки HICDP ба беҳтар шудани сифати зиндагонии халқи Тоҷикистон бевосита ёрӣ расонда, саъю кӯшиши Ҳиндустонро ба беҳбудӣ ва гул-гулшукуфии бародарону хоҳарони тоҷики худ нишон медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки ҳоло Ҳиндустон ҳамчунин марҳилаи якуми лоиҳаи шоҳроҳи 8-хатта аз маҳаллаи Чортут то гардиши Айнӣ дар Душанберо амалӣ мекунад, ки арзиши он тақрибан 17,54 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ин ҳам як лоиҳаи кӯмаки грантӣ мебошад. Тибқи маълумоти расмӣ, то ҳол тақрибан 35{71e3f139ddb7d3693c5e6ac9bc14887c7a7ddbde000887efff05120848d0251e} корҳо ба анҷом расида, 65{71e3f139ddb7d3693c5e6ac9bc14887c7a7ddbde000887efff05120848d0251e} боқимонда бояд то моҳи октябри соли 2022 анҷом дода шаванд.