Ба 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба далели ягон қонуншикании хурд аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум карда шуда буданд, дигарбора ҳаққи сафар ба он кишвар дода шудааст.
Ин маълумотро намояндаи вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон Алексей Егоров рӯзи 27 декабр дар нишасти хабарӣ расонаӣ кард:
“Дар чорчӯби як қатор созишномаҳои моҳи сентябри соли 2021 имзошуда ба истилоҳ афв ё амнистияи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба далели қонуншиканиҳои хурду реза аз ҳаққи сафар ба қаламрави Русия маҳрум шуда буданд, гузаронда шуд. Дар ҷараёни он 120 ҳазор нафар мавриди афв қарор гирифтанд”, – гуфт вай дар посух ба суоли хабарнигори ТАСС.
Ба гуфтаи Егоров, ба ҳамаи ин 120 ҳазор нафар иҷозати сафар ба Русия дода шудааст ва шаҳрвандон метавонанд будан ё набудани исми худ дар рӯйхатҳои сиёҳи Русия дар сомонаи сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия пеш аз азми сафар тафтиш кунанд.
Гуфта шудааст, бахши аъзами шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафорати Русия маҳз пиромуни ҳамин масъала муроҷиат мекунанд.
Қаблан роҳбари Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов гуфта буд, танҳо он муҳоҷироне ба Русия баргашта метавонанд, ки манъи вурудашонро ВКД содир кардааст. Барои муҳоҷироне, ки бо қарори суд ихроҷ шудаанд, вуруд ба муҳлати аз ҷониби мақомоти суд муқарраршуда манъ боқӣ мемонад.
Ба гуфтаи Коженов, онҳое, ки мавриди афв қарор гирифтанд, ҳанӯз 18 август аз пойгоҳҳои маълумот хориҷ шудаанд.