Чор нафар сокинони деҳаи Ғезани Поёни ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент ҳангоми ангишткании ғайриқонунӣ дар кони ангишти наздикии мавзеъи Ишакон бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз гази карбон заҳролуд шудаву дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ин ҳодиса рӯзи 2 январ рух додааст. Ду нафари фавтидагон бародарон будаанд.
Бино ба хабари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон, инҳо 33, 38, 51, 54 сол доштанд ва соҳиби оилаву фарзандон буданд.
“Вақте шабона онҳо ба хона барнагаштанд, пайвандонашон ба ташвиш омаданд ва ҳамаро ба по хезонданд. Соати 20:30 дақиқа ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз респираторҳо онҳо вориди кон шуданд ва ҷасади ҳалокшудагонро берун оварданд”, — омадааст дар иттилоияи КҲФ.
Барои таҳлилу ташхиси сабаби ин ҳодиса гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ташкил шудаву корҳо идома доранд.
Вобаста ба ин КҲФ Тоҷикистон аз аҳолӣ хостааст, ки аз худсарона ва бе риояи қоидаҳои бехатарӣ кандани ангишт дар конҳо ва манбаъҳои ангишт худдорӣ намоянд!
“Танҳо кӯҳканҳои ботаҷриба ва кормандони конҳо метавонанд бо доштани сару либоси махсус ва воситаҳои техникӣ, ҳамчунин риояи ҷидди кулли қоидаҳои бехатарӣ саргарми ин кор шаванд”, -таъкид шудааст дар иттилоия.