Таркиш дар Маркази табобатии Ваҳдат: 6 нафар ҷароҳат бардоштанд

Shared to Facebook

Дар натиҷаи таркиш дар Маркази табобатии “Оби шифобахш”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиев, деҳаи Чилламазори Ваҳдат 6 нафар шаҳрвандон ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта нашудааст, ки ин шаш нафар аз ҷумлаи беморон буданд ва ё шаҳрвандони солим:

“Таркиш соати 22:00 рӯзи 3-уми январи соли 2022 рух додааст ва ин шаш нафар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шудаанд. Духтурон мегӯянд аз таркиши ногаҳонӣ чанд ҷойи бадани ин шаш нафар сӯхтааст. Иллати таркиш ба пуррагӣ омӯхта нашудааст”, — омадааст дар иттилоияи КҲФ.

Рӯзи 5 январ мутахассисони Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ-радиометрии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон ҳамроҳ бо намояндагони прокуратураи шаҳри Ваҳдат барои муайян намудани сабаби ин таркиш ва ташхиси таркиби оби шифо вориди ин Маркази табобатӣ шудаанд.

Ташхис нишон додааст, ки дар таркиби оби шифои табобатгоҳ гази “пропан” мавҷуд будааст.

 

ПРОПАН (анг. Propane) аз ҷумлаи газҳои табиӣ мебошад. Пропани тоза бӯй надорад, вале ба гази техникӣ метавонад унсурҳо ва пайвастагиҳое ҳамроҳ шаванд, ки газро бӯйдор кунанд. Ва чун намояндаи газҳои карбогидридӣ сӯзанда ва инфиҷорёбанда мебошад. Чандон зиёд заҳролуд нест, вале ба системаи марказии асаб таъсири хатарнок дошта метавонад. Ин газ ҳамчунин метавонад дар мавридҳо боиси заҳролудшавӣ, қайкунӣ шавад ва ҳатто ҳодисаҳои аз заҳролуд шудан ба ин газ фавтидани одамон сабт шудаанд.