“Такрор шавад ҳам, боз мегӯям, мо ва шахсан худатро ҳукумат чандин бор барои ҷиноятҳоямон бахшид. Имкон дод, ки оромона кору зиндагӣ кунем. Лекин ману ту дар қавламон наистодем. Бас аст, биё, мард бошӣ, мисли ман тавба кун. Ҳоло ҳам дер нашудааст. Худро супору ҷони дигаронро дар хатар нагузор”.
Ин порае аз муроҷиатномаи сокини ноҳияи Роштқалъа Амриддин Аловатшоев ба сокини шаҳри Хоруғ Мамадбоқир Мамадбоқиров аст, ки шоми 12 феврал тавассути ТВ “Бадахшон” пахш шуд.
Аловатшоев гуфт, “саркардагони гуруҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ бояд инро донанд ва барои ҳар амали ҷиноятии худ дар назди қонун ҷавоб диҳанд. Ҳамин хотирбиниҳою гузаштҳои ҳукумат буд, ки ҷинояткорон солҳои дароз беҷазо монданд”.
Дар ин муроҷиатнома Аловатшоев аз корҳои кардааш изҳори пушаймонӣ намуда, гуфт, хатоҳояшро фаҳмидаву баъди ба озодӣ баромадан ба хизмати ҳамсару фарзанд ва наздиконаш машғул мешавад:
“Аз тамоми мардуми Бадахшон, минҷумла, аз шаҳри Хоруғ хоҳиш мекунам, ки ба суханони иғвоангезонаи Боқиру Мунаввару Хурсанду Толиб дода нашаванд. Ҷавонон бояд аз қафои ҷинояткорон нараванд, хонанд, машқ кунанд, ояндаи худро мисли ман талх насозанд. Ман аз кардаам сахт пушаймонам. Ҳазорон маротиба тавба кардам. Дигар ба ҷиноят даст намезанам”, — изҳор дошт вай.
Аловатшоев дар ин муроҷиаташ гуфт, 11-уми январи имсол, баъди он ки фаҳмидаанд ҳамоиши эътирозӣ дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Маскав нисбат ба ҳодисаҳои моҳи ноябр дар Хоруғу Роштқалъа ғайриқонунӣ буд, мехост ба Украина фирор кунад. Дар наздикии марз фикрашро тағйир дода, нахост як умр фирорӣ бошад ва бинобар ин, ба Маскав баргашта, аз он ҷо ба Душанбе парвоз кард. Ӯ афзуд, ки дар Душанбе худро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим намуд.
Ҳамчунин, вай истифодаи шиканҷаро нисбаташ беасос номида, гуфт, дар маҳбас муносибат бо ӯ қонунисту касе азобаш намедиҳад.
Зимнан, аввали ин моҳ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, Аловатшоевро баъди аз Русия баргаштанаш дастгир карданд, “чунки нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда буд. Барои ташкили издиҳом дар шаҳри Хоруғ”.