Обуҳавошиносон пешгӯӣ кардаанд, ки моҳи март дар Тоҷикистон бориш дар ҳудуди меъёр ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ баланд хоҳад буд:
“Дар рӯзҳои алоҳида баамалоии раъду барқ, боридани жола, фаромадани тормеғ (туман) ва шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 12-17 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад”, — иттилоъ додааст ба АМИТ “Ховар” муовини сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Парвина Саидҷамолова.
Дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ шуда, дар баъзе рӯзҳо эҳтимоли то 24 дараҷа гармӣ пешгӯӣ шудааст.
Дар ноҳияҳои доманакӯҳи вилояти Хатлон тағйирёбии ҳаво ва то 14 дараҷа гармӣ дар назар буда, миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди меъёр, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ баланд пешгӯӣ мешавад. Дар рӯзҳои алоҳида баамалоии раъду барқ, боридани жола, фаромадани тормеғ (туман) ва шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 12-17 метр дар як сония пешгӯӣ шудааст. Дар ноҳияҳои ҷанубии ҷумҳурӣ ба амал омадани тӯфони чангу ғубор аз эҳтимол дур нест.
Ба маълумоти манбаъ, дар моҳи март вилояти Суғдро ҳавои миёнаи моҳона мунтазир аст. Дар баъзе ноҳияҳо гармии ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст, дар ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан то 15 дараҷа хунук пешгӯӣ мешавад. Миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди меъёр, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ паст дар назар аст.. Дар рӯзҳои алоҳида баамалоии раъду барқ, боридани жола, фаромадани тормеғ (туман) ва шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад.
Моҳи март дар ВМКБ меъёри ҳаво дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ шуда, баъзан то 15 дараҷа хунукӣ (дар мавзеи Булункӯл -18 дараҷа хунукӣ) ва баъзан то 14 дараҷа гармӣ дар назар аст.